ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҳафтум. Беҳбудӣ дар низоми идоракунии давлатӣ, тақвияти низоми ҳамоҳангсозии сиёсати рушд, таъмини шаффофият, ҳисоботдиҳӣ ва мукаммалсозии коргузории давлатӣ, суръат бахшидан ба раванди татбиқи барномаи «Ҳукумати электронӣ», таъмини идораи самараноки амволи давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ба хизмати давлатӣ.
ПЕШНИҲОДҲО ДАР БАХШИ СИЁСАТИ
ДОХИЛӢ ВА ХОРИҶӢ
Пешниҳодҳои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар самти сиёсати дохилӣ нўҳ бахши асосиро дарбар гирифтаанд.
Бахши якум. Ҳимояи истиқлолияти давлатӣ. Шароити имрўза аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон тақозо мекунад, то ҳимояи манфиатҳои миллии кишварро бахши афзалиятноки фаъолияташ муқаррар кунад. Бо ин мақсад ба таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, нигоҳдории ризоияти ҷомеа ва устувории сиёсӣ, тарбияи ватандўстӣ ва таҳкими ягонагии халқ таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар, пойдорӣ ва рушди арзишҳои моддию маънавии ҷомеа, тағйирнопазирии сохти конститутсионии мамлакат, фаъолияти устувори ниҳодҳои давлатдорӣ, иқтисодиёт, пурзўр намудани мубориза бо ҷинояткорӣ, терроризму экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва амалҳои коррупсионӣ эътибори махсус дода мешавад.
Дуюм. Идораи давлатӣ ва таҳкими равандҳои демократӣ. Дар шароити ҷаҳонишавӣ ва тағйирёбии босуръати симои ҷаҳони муосир таҳкими асосҳои конститутсионии давлату ҷомеа, ҳифзи манфиатҳои миллию соҳибихтиёрӣ, тақвияти пояҳои демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ ва дунявияту иҷтимоияти давлатдориамон аз нигоҳи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар панҷ соли минбаъда ҳам аҳамияти хосаи худро гум намекунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё