Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дарси устод
Устоди мо Абдуллоҷон Сатторов, ки ҳамкорон «Абдуллоҷон Собитович» ном мебурданд, шахсияти нотакрор ва наҷибе буданд. Сиёсат, шукўҳу шаҳомат, қадамзанӣ, нигоҳ, усули сухансанҷӣ ва баёни матлабҳо аз ҷониби эшон хоса буд ва таваҷҷўҳи ҳар якеро ба худ ҷалб мекард. Ба мо шогирдони соли 1985 он кас аз «Таърихи адабиёт» дарс мегуфтанд. Дар дарси устод, ба қавле агар «пашша пар мезад», эҳсос мегардид. Дар тасаввуроти ман устод Абдуллоҷон Сатторов воқеаҳои таърихи адабиёти бостонро на аз хондаву шунида, балки аз диданиҳояшон нақл мекарданд. Вақт фаромўш шуда буд ва наметавонистам тамйиз кунам, ки мо ба ҳазор соли муқаддам назди устод омадаем ё устод аз қаъри асрҳо ба синфхонаи садаи ХХ ворид шудаанд ва қисса аз Дарахти асурик, Ардашери Бобакон, Аҳурамаздову Аҳриман мекунанд.
Маҳз Абдуллоҷон Сатторов мо донишҷўёни навроҳу навпўро водор карданд, ки «Ривояти суғдӣ»-и Сотим Улуғзодаро хонем. Мехондем ва нақл мекардем. Аҷибаш он буд, ки ҳар як донишҷў мебоист нақли донишҷўи қаблиро идома диҳад. Аз ин рў, ба таваҷҷўҳи зиёд мутолиа мекардем ва нақли ҳамдарсамонро низ бо камоли диққат гўш мекардем. Исми Наниманча ва Виркан, воқеаҳои асар дар ёду хотири банда чун нақш дар санг устувор аст.
Устоди мо ҷанбаи таълимии дарсро бо тарбия мепайвастанд. Дар заминаи образҳои бадеӣ, воқеаҳои адабӣ он кас мо шогирдонро насиҳат мекарданд. Ҳарфҳояшон самимонаву муассир буданду қиссаҳо аз дидаву шунида ва таҷрибаҳои андўхтаашон дарозои рўзгори наҷибашон буд. Муассир ва боҳасрат, бо садои баланд ин ду байтро ба шогирдон талқин мекарданд:
Агар ғамро чу оташ дуд будӣ,
Ҷаҳон торик будӣ ҷовидона.

пешина
аз 601
навбатӣ