Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Дар ин гетӣ саросар гар бигардӣ,
Хирадманде наёбӣ шодмона.
Баъдтар донистам, ки чаро ин абёт мукаррар сари забони устод қарор дошт. Донистам, ки он кас дар айёми наврасиву ҷавонӣ зиндагии осуда надоштанд ва ин қадар азобу шиканҷаро аз cap гузаронидаанд.
Устод Абдуллоҷон Сатторов аз суханварони форсӣ-тоҷикӣ ба Шайх Саъдӣ муҳаббати хоса доштанд. Байти зеринро пайваста такрор мекарданд:
Сухан дониста гў, то дўстро душман нагардонӣ,
Зи ҳарфи бетаҳаммул ошно бегона мегардад.
Тавзеҳу ташреҳи абёти суханварон аз ҷониби устод ба тариқи хоса сурат мегирифт. Боре дар мавриди шарҳи байти Шайх Саъдӣ:
Вақти зарурат чу намонад гурез,
Даст бигирад сари шамшери тез.
баъди хомўшӣ гузидани як ҳамдарси мо ба ў наздик шуданду дар даст хома гуфтанд: Ин хома нест, ин шамшер аст, ман мехоҳам сари туро буррам, ту чӣ кор мекунӣ? Донишҷў бо тарс гуфт: Сари шамшерро бо дастам медорам.
Устод хандиданду гуфтанд: Акнун маънии байтро фаҳмидӣ?
Зарофатгўиву латифадонии устод Абдуллоҷон Сатторов қиссаи дигар аст, ки устодони солору калонсоли мо бештару беҳтар медонанд. Он зарофатҳо ҳанўз дар сари забонҳои қарибону азизон, ҳамкорону шогирдон аст, ки итминони комил дорам солҳои тўлонӣ бо нақшу нигориши тоза ояндагон барои якдигар баён хоҳанд кард. Танҳо ҳаминаш рўшан дар назарам ҷилва мекунад: Рўзи ҷанозаи Абдуллоҷон Сатторов баробари он ки дилҳо пора мешуду ҷигарҳо хун, барандагони тобути устод дар сари қабр қиссаву саргузашт, латифаву ҳикояти эшонро барои якдигар нақл мекарданд. Ба маънии он ки инсони неке буданд ва ба инсон нишоту шодӣ мебахшиданд.
Ва яке инсони дунёдидаву таҷрибаандўхта мегуфт: Хуш ба ҳоли касе, ки ўро ба роҳи охират бо зикри хайр, бо зикри афъоли неку хислати баланди инсониаш гусел мекунанд.
Худованд устоди моро дар ҷавори раҳматаш ҷой дода бошад!
Соли 2010

пешина
аз 601