Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Он кас падарам буданд. Давидани падарам то ҳол пеши назарам ҷилва мекунад. Он давидани оддӣ набуд. Гўё Яъқуб ба сўи Юсуф метохт. Ман низ давидам.
Падарам маро оғўш мекарданду мебўсиданд. Бештар аз 2000 нафар мусалмонон дар маҳбасхона маҳбус будаанд.
Одами зиёде ба болои сари мо ҷамъ шуд. Падарам оғўш мекарданду мегиристанд, мегиристанду оғўш мекарданд.
Ногоҳ суол доданд:

  • Писарам, буват зинда-мӣ?
    Ман намедонистам, чӣ гўям. Танҳо гиряву фардёи ҷонкоҳи дигар ҷавоби ман буд. Он лаҳзаи дидорро магар метавон тасвир кард. Медидам, ки дар чашми кулли ҷамъшуда ашк ҳалқа мезад. Гиряву шодӣ он рўз ба ҳам омезиш ёфт. Аз рўи тартибот ман баъди се рўз бояд ба ватан бармегаштам. Рўзи хайрухуш падарам ба маҳсубон муроҷиат карда гуфтанд:
  • Шумо маҳбус ҳастед, дуои Шумо мустаҷоб аст.
    Фарзандамро дуо кунед, ман ҳам дуо мекунам, сиҳат омад, саломат равад. Вай маро ҷуста омадааст. Ман ин дунёву он дунё аз вай розӣ ҳастам. Дуо кунетон, дуо кунетон ва ашк падарамро гулўгир кард. Ҳама дасти дуо бардоштанду маро гусел карданд. – Ин лаҳза дар чашмони устод ашк ҳалқа мезад ва чанд лаҳза ду кас сокит будем.
    Баъди нақли ин воқеа устод сухане чанд баён карданд, ки онро айнан рўи коғаз меорам: «Қисса кўтоҳ, ман як чиз гуфтанӣ. Касе ки хидмати падару модарро кард, падару модарро азиз дошт, вай азиз мешавад. Вай хўр намешавад.
    Ман баъди давраи наврасӣ кадом орзуе накарда бошам, ба он расидаам. Ман ҳамаи инро аз дуои падар ва модарам медонам. Аз одам номи нек ва дуои нек мемонаду халос».
пешина
аз 601
навбатӣ