Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Вале дар ҳамин фурсати кўтоҳ одам бо инояти Офаридгор метавонад рисолати аслӣ ва азалии инсонӣ – некӣ кардан, бунёду эҷод карданро адо намояд ва бад-ин васила, ба миқдори амали савобаш номи некашро дар дилу ёди одамони имрўзу фардо, аниқтараш, дафтари ҷовидонаи даҳр насб кунад. Зеро:
Зинда дар олами тасвир ҳамин наққош аст, Ҳамаро хоби адам бурдаву бедор якест.
Мегўянд, ки дунё аз инсони нек холӣ нест. Онҳоро муттакои дунё мегўянд ва маҳз некист, ки ба зиндагӣ зиё, ба умр маънӣ, ба инсон ҷалолу шукўҳ эҳдо менамояд. Шукри Худованди бузург, ки бо тақозои кор дар риштаи садо ва симо ва фаъолият дар як даргоҳи муқаддас, боргоҳи сухан
– факултаи забон ва адабиёти тоҷики ДДХ ба номи академик Б.Ғафуров бо афроде ҳамнишину ҳамсўҳбат гаштаам, ки маслаку рисолати эшон хидмат ба миллату кишвар, илму фарҳанг будаву бо номи онҳо, авлоде, шаҳре, вилояте, миллате ифтихор дорад. Дар бойгонии сабтҳои телевизонии банда бештар аз 50 номгўи сўҳбатҳо маҳфуз аст, ки ҳар яке дар сари хеш китоби бузурги пур аз ганҷинаи ҳикматро мемонад. Сўҳбатҳои устодони ҳунар Боймуҳаммад Ниёзов ва Маъруфхоҷа Баҳодуров, ходимони маъруфи илму адаб Абдуқодир Маниёзов, Саъдулло Асадуллоев, Абдуллоҳ Калонзода, Ғафур Ҳайдаров, Сайдулло Абдуллоев, Озод Аминзода, собиқадорони ҷангу меҳнат Саттор Қайюмов, Пўлод Отаев, Аҳмадҷон Собиров ва даҳҳои дигар, ки ҷисми азизашон мадфун бар хок асту бо садҳазорсолагон cap ба cap ҳастанд, барои имрўзиён дарси ибрат ва ҳикмат мебошад.
Дар ин радиф устоди азизи мо Абдуллоҷон Сатторов низ бо сўҳбати ибратбахши худ навори хотири маро пур нигаҳ медоранд. Таассуфи зиёд мехўрам, ки чаро аз устод танҳо як сўҳбат сабт намудаму халос, зеро устод Абдуллоҷон Сатторовро қалбе саршор аз розу ниёз буду гуфтаниҳои зиёди эшон ҳар яке имрўз бештар аз дирўз қимату қадр дошт.

пешина
аз 601
навбатӣ