ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Вале ман аз навори филм ба навори хотири инсонӣ бештар эътимод дорам ва бардоштҳои хешро аз сўҳбатҳои ширини устоди азиз, ки тўли 15 соли шогирдӣ ва ҳамкорӣ дар факултаи суханшиносӣ моро насиб гардид, мехоҳам тавассути қалам ироа намоям. Зеро устоди асотирнамову аҳуросиришти мо бо маҳфилороӣ, хушсуханиву зарофат, лутфи баён, ҳозирҷавобиву мутоиба аз дигарон имтиёз доштанд. Имрўз низ дар маҳфилу ҷаласаҳо, нишастҳои хоса чун зикри хайри устод Абдуллоҷон Сатторов меравад, чеҳраҳо гул мекунад, лабҳо моили табассум мегарданд ва бемуҳобот «ёдашон ба хайр» ба забон меояд. Хуш ба ҳоли касе, ки ўро танҳо ба некӣ ёд мекунанд.
Абдуллоҷон Собитович Сатторов якуми январи соли 1927 дар деҳаи номдори Қистақўз таваллуд шудаанд. Соли 1953 баъди хатми Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи Ленин фаъолияти хешро ҳамчун муаллим дар Донишкадаи омўзгории шаҳри Кўлоб оғоз намуда, солҳои 1955-1957 ҳамчун корманди сафоратхонаи ИҶШС дар Афғонистон адои вазифа кардаанд. Баъдан, аз соли 1957 то поёни умри азизашон 28 декабри соли 1999 ҳастии устод, зиндагиву кор, шодиву нишоташон бо факултаи суханшиносӣ пайванд буд. Эшон як рукни ин даргоҳ буданду вуҷудашон файзу баракот, шукўҳу шаҳомати онро таҷассум мекард. Абдуллоҷон Сатторов муҳаққиқи таърихи тазкираҳо буданд ва китоби «Тўҳфаи Сомӣ ва хусусиятҳои он», силсилаи зиёди мақолаҳои илмӣ маҳсули пажўҳишҳову ковишҳои илмии эшон буд.
Вале ин нигоштаи мо дар мавриди тарҷумаи ҳоли устод Абдуллоҷон Сатторов тасвири зоҳирист. Чӣ қадар ҳодисаву воқеаҳо, рўйдодҳо, ҷавонмардиву ҷоннисориҳо, муборизаҳо ба хотири ҳақиқат дар дафтари зиндагии ин инсони беназир насб гардидааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор