ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
ҲИКМАТИ ДЕРИНА
Як кас аз ояндагон нагрифт ҷои рафтагон, Осмон эй кош даври дигар аз сар мегирифт Дар ин дарозои мавҷудияти олам чӣ ҳарфҳое гуфта шуданду алорағми он чӣ розҳое нуҳуфта монданд, басе садову нидоҳо ба гўши ҷонҳо расиду чӣ оҳангҳо чун шеъри дар синаи шоир ниҳон нотамому хом эҷод нагардид. Ин оҳанги якнавохти зиндагист, ки дар ҳавои он одамизода меояду меравад. Ҳеч кас «муқими ҳарими ҳарам» нахоҳад буд. Инсоният орзуву ормон, шодиву фараҳ, нишоту комронӣ ҳамчунин яъсу ноумедӣ, ғаму дард, нокомиву шиканҷаро дар вуҷуди хеш таҳмил мекунад ва аз адам сўи азал роҳ мегирад. Инсони хокӣ орзу дорад, ки зиндагии ў ҳамрадифи шодиву нишот, фатҳу нусрат бошад ва зиндагии дур аз дард ормони ҷовидонии ўст. Вале он ҳама нишоту фараҳ, хуррамиву шодӣ, бозёфти давлати бегазанде чун ганҷи Қорун пеши арзишҳои ҷовидонӣ чун насби номи нек дар дилу ёдҳои мардум ва саҳифаи китоби бузурги таърих қадру манзалате надорад. Хоса номи неке, ки онро амали савоб, гузаштан аз худу бахшидан ба дигарон, некӣ кардан озин бахшида бошад.
...Басо касонанд дар ин дунё, ки номи эшон пештар аз ҷисмашон дар чоҳи фаромўшӣ фурў рафтааст ва басо касонеанд, ки ин дунёи фониро падруд гуфтаанду исмашон дар осмони дилу ёдҳо чун моҳ мунаввару рўшан метобад.
Номашон дар сари забонҳо ва чеҳраи мунирашон дар манзари дидаҳо қарор дорад:
Накўтар чиз андар шеър ном аст, Ки монӣ зинда з-ин нақши сиёҳе.
Тани Хусрав бимирад ин яқин аст, Вале Хусрав намирад ҳеҷ гоҳе.
Тўлонитарин умри инсон дар муқобили дарозои мавҷудияти олам ҳеч аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор