ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ана, ҳамин тавлиди услубу сужет дар вазъияти мураккаби солҳои 90-уми Душанбе пайдо шуд, Ҳар чи ки дар ҳар куҷо ҳар лаҳза ба ёдам меомад ва маънии латфро ифода мекард навишта мондам, ҳатто жанраш пайдо шуд, ки лавҳаҳо аз лаҳзаҳои зиндагӣ буд. Дар баробари навиштани роману повестҳо барои фаромўш нашудан дар коғазҳо навишта мемондам. Ҳамин қатра-қатра, ки ҳоло аз он вақт 26–27 сол гузашт сарҷамъ гардид. Ба қавле яктоаш ин мавзўъ, яктои дигараш он мавзўъ, ҳар чизе, ки дидем, навиштем. Хайрият, ки дар вақташ дар курсҳои сенаристӣ дар Москва мехондем, аз ҷумла қонунҳои драматургиро ба мо омўзонида буданд, ки ҳамин 10-та сурат бошад, агар онҳоро пайдарпай монед, як маънӣ мегирад, агар пайдарпайи дигар монед, маънии дигар мегирад.
Акнун он навиштаҳо ҳоло ба 5000 расид, ва дар заминаи ҳамон қонун онҳоро дар рўи фарши васеъ тақсим-тақсим карда, гоҳо инҷа, гоҳо унҷа мондам. Аҷиб будааст, ки аз чизи парешон як чизи том пайдо шуд, ба бобҳо, бастҳо тақсим шуда рафт, ана ҳозир ба 5000 баромада, китоб шудаасту бинанд, ки як чизи том ва дар назари ҳар хонанда ва ба назари худам ҳам ҳамин тавр менамояд., БАРАНДА: Ҷо ба ҷо гузоштеду номаша «... парешон»
мондед?
МЕҲМОН: Бо вуҷуди ҷобаҷогузорӣ сужет надорад, ба ҳар ҳол, ҳар кадомаш мустақилият дорад, ҳамин шадаҳои тасбеҳ барин ҳар кадомаш бори худро мекашад...
БАРАНДА: Устод, аслан ҷаридаи «Сухани халқ» аз ҷаридаҳоест, ки ба масъалаҳои доғи рўз эътибор медиҳад ва ҳар дафъа, ки мо онро гирифта мехонем, албатта, перомуни ягон масъалаи муҳиме, ки ҷомеа нисбати он бетараф нест, сухан меравад, масалан, дар мавриди анъанаҳои миллӣ, либоси миллӣ ё дар мавриди муоширати падару модар, яъне оид ба муносибати фарзандон бо падар, чуноне ки мақолае интишор карданд бо номи «Бемурувват, ё падарбезору модарозор», ки вақте хонанда онро мехонад, бетараф буда наметавонад, ё масъалаҳое ҳастанд, ки оид ба ном ва номгузорӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор