ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Бино бар ҳамин ин далерӣ андак ва ҳавсала нест, он чизе, ки каму беш менависем, аз доираи хонадон, оила, аз муҳаббати гирду атроф берун нест. Ва ҳоли даври мо, замони мо, ки ба маънои томаш соҳибистиқлол гаштааст, ин аст, ки ҳар як фарди ин ҷамъият худашро чун шаҳрванди фахрии ҳамин ҷамъият шиносад ва ҳар чизе, ки ў пешниҳод мекунад, аҳамияти умумиҷамъиятӣ ва умумимиллӣ дошта бошад.
Ана, ҳамин чиз ками кам таъсир дорад, бино бар ин, бо ҳама таваҷҷўҳашон ба нависандаи ҷавон, ба адиби ҷавон як чизи арзаедаеро ба худ ёфта наметавонанд, ки интишор кунанду манзур гардонанд. Бино бар ҳамин қарсак аз ду даст мегўянд. Аз як тараф ҳам хеле хуш аст, ки мутасаддиёни рўзномаҳо ҳамин гуна кўшишҳо доранд, то ки адибони ҷавонро ба рўзнома ҷалб кунанд, аз тарафи дигар адибони ҷавон ҳам бояд аз доираи танги имрўзаашон худро берунтар гиранд.
БАРАНДА: Ташаккур, устод. Дар дасти ман як китоби нави Шумо, ки ба қавле нони нав аз танўр кандаро мемонад, бо номи «Дури парешон». Ин китобест, аз асарҳои пешинаи устод ҳам ба шакл, ҳам ба маънӣ сахт тафовут дорад. Мехостам дар боаи ҳамин асри тозаэҷодатон чанд сухан мегуфтед.
МЕҲМОН: Тариқи мухтасар мегўям, ки солҳои навадум дар Душанбе даври ҷангу ҷидолҳо, гиребонгириҳо, якдигарнашинохтанҳо буд, Одамон бо як гўшаи кўча қадам мезаданду онҳоро дида, худ ба худ ба як вазъияти мураккаб мефуромадам.Гўё худаш неву дилам ба гап медаромад, ана ҳамон лаҳза ин сатрҳо пайдо шуд:
Ҳар дам ба ёди зулҷалол ҷону дилам гум мезанад,
З-ин бум ба фарёд омада, худро ба он бум мезанад.
Аммо саманди зиндагӣ дар лаб сулуки оҳанин,
Нагзорадам боло равам, сум мезанад, сум мезанад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор