Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

«Сухани халқ» тасмим гирифт, ки барои як андоза пеш рафтани наср ба ин кор даст занад. Озмун эълон шудааст ва фикр мекунам, ки ҷавонони насрнавис метавонанд дар ин озмун ширкат варзанд. Як нуктаеро мехоҳам, аз Шумо пурсон шавам: аз матолибе, ки Шумо ин ҷо баён кардед, чӣ корҳоро бояд метавон ба анҷом расонид, то ки наср пеш равад?
МЕҲМОН: Аввало, азми неки рўзномаҳост, ки ҳар роҳу воситаеро меҷўянд, то ки хонанда ба дарси рўзгор наздик бошад ва мо ҳам дар Иттифоқи нависандагон як давра дар остонаи конфронси адибони ҷавон озмун эълон кардем, ки барои ҳикоя, шеър мукофотҳо дода мешаванд. Чӣ аҷаб, ки шеърҳо омаданд, достонҳо омаданд, аммо ҳикоя набуд.
Дар ҳақиқат мо ҳамин чизро мушоҳида карда истодаем: дар адабиёт як навъ, хусусан дар насри он хомўшиву сукут пайдо шудааст. Мо ҳам андеша кардем, ки чаро ин тавр аст? Хайр, инро решаи решааш ҳаст, ки онро нагуфта намешавад.
Решаи реша он аст, ки заҳмати адиб, заҳмати олим, заҳмати журналисте, ки эҷодаш дар рўзнома интишор меёбад, чандон мукофоти арзанда надорад. Дар як замон ҳаққи қалам гуфтанӣ чиз буд. Вале, дар ин айёме, ки ҳама чиз дар савдо ва дар мукофот ҳаст, қадри қалами рўзноманигор, балки қадри қалами эҷодкор, нависанда, шоир беэътибор аст. Аз мушоҳидаҳо чунин бармеояд, ки ҷавонони мо дар ҳама ҷо каму беш ғайраташон ва худашонро аз доираи муҳити хонадон, аз доираи муҳити донишгоҳ ба берун намегиранд ва ҳоло ки ҷавонӣ далериро мепарварад, бояд худро ба майдонҳои васеи ҷамъият зананд, зеро то инсон дунёи васеъро набинад, доираи эҷоди ў васеъ намешавад. Ин табиати инсон аст, ки то набинад, навишта наметавонад.

пешина
аз 601
навбатӣ