Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Як дафъа «Сухани халқ» чунин масъала бардошт, ки чӣ кор кунем, то ба фарзандон номҳои хуби тоҷикӣ гузорем, аз баъзе номҳое, ки воқеан аз анъанаи мо дур ҳастанд, бояд даст кашем. Яъне, «Сухани халқ», нашрияи кумитаи ҲХДТ дар вилояти Суғд, кўшиш мекунад, ки бештар ба масъалаҳои ҷомеа рўй биёрад ва дар ҳалли онҳо бо иштироки худи хонандагон саҳм гузорад. Ва яке аз масъалаҳо дар мавриди наср, чуноне ки гуфтем, озмун эълон карданд, ба он хотир ки наср ҳам пеш равад. Газета мехоҳад, ки саҳми худро дар ҳамин раванд гузошта бошад. Акнун, боз як масъала бардоштанд, ки он масъалаи адабиёти бачагона аст: «чаро имрўз адабиёти бачагона заиф аст?»
Ман мехостам, Шумо, як нафаре, ки дар нависандагӣ таҷрибаи ниҳоят зиёд андўхтаед, бигўед: ба андешаи Шумо чаро адабиёти бачагона, ба қавле, «ба ду по мелангад»?
МЕҲМОН: Саломат бошед. Ин масъала бояд гўем, ки 50–60 сол пеш, яъне давраи шўравӣ ҳам дар сатҳи анҷуманҳои нависандагон бардошта мешуд. Ҳамеша як таносуб буд, яъне он вақт ҳам шоирҳо бисёр буданд, ҳам носирҳо. Бо вуҷуди ин, ҳамон вақт ҳам нависандагони адабиёти бачагона кам буданд, ягон-ягон буданд. Мана, акнун ба даври дигар гузаштем. 25-солагии Истиқлолият фаро расид. Мо умедворем, ки ба ҳар ҳол тавлиди насри даври истиқлол аз даври адабиёт барои бачаҳо бояд сар шавад.
Нишондиҳандаҳо ҳастанд, дар ҳамин курс-конфронси гузашта ҳам аввал хаёл мекардем, ки дар наср касе нест.
Вале, 13 нафар иштирок карданд, аз онҳо ҳамагӣ асарҳои се нафарро барои нашр тавсия кардем. Дар байни онҳо бисёр духтарону писарҳои ҷавон ҳам ҳикояҳои бачагона навиштаанд, аммо онҳо, ба маънои томаш, ҳикоя набуданд, яъне лавҳаеро мемонданд.

пешина
аз 601
навбатӣ