ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
МЕҲМОНХОНАИ «СУХАНИ ХАЛҚ»
“ДИДОР”
Аз идораи рўзнома:
Ҷомеаи имрўзаро бе васоити ахбори омма – рўзномаву маҷалла, радио, телевизион, ки ба хидмат халқ камар бастаанд, тасаввур кардан душвор аст. Дар қатори дигар расонаҳои хабарӣ газетаи «Сухани халқ», ки нашрияи кумиҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд мебошад, бо дастгирии раёсати ҳамин ҳизб фаъолият намуда, иқдоми нав зоҳир намуд, ки он ташкил кардани меҳмонхонаи газетаи «Сухани халқ» мебошад.
Дар ин меҳмонхона шахсони номвар ширкат варзида, дар мавзўъҳои мухталиф сўҳбат хоҳанд кард. Ҳадафи ин барнома дар заминаи назари хосаи шахсиятҳои маъруф ҳаллу фасли масъалаҳои мухталифи рўзгори мардум мебошад.
Меҳмонхонаи “Сухани халқ” таҳти унвони “Дидор” ҳамзамон таввассути телевизионҳои маҳаллӣ аз ҷумла “Ҷаҳоноро” ва “Танин” пахш мегардад. Авввалин меҳмони меҳмонхонаи «Сухани халқ» Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Муҳиддин ХОҶАЗОД мебошанд. Барандаи сўҳбат адабиётшинос Саидумрон Саидов.
БАРАНДА: Хонандагони азизи рўзнома ва бинандагони меҳрубони телевизион. Барномаи “Дидор” маеҳмони хонаҳои Шумост ва меҳмони азизи мо Нависандаи халқии Тоҷикистон Муҳиддин Хоҷазод. Мо устодро ба кошонаи ин расона хайрамақдам мегўем ва суоли нахустинро чунин матраҳ мекунем: Шумо бо рўзномаҳо чӣ гуна муносибат доред, оё хондани онҳо бароятон писанд аст?
МЕҲМОН: Ҳар инсон, пеш аз ҳама, хонанда аст, вай бо ҳама фазилату бо ҳама ҷустуҷўҳояш боз мехоҳад, ки рў ба рўзнома биёрад, рў ба маҷалла биёрад, то ин ки он чизе, ки худ мебинаду худ ба мушоҳида мегирад, бо он чизе, ки ҷамъият мебинаду ба мушоҳида мегирад ва онҳоро дар саҳифаҳои худ манзур мегардонад, мувофиқ аст ё не.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор