Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Аз ин ҷиҳат ҳамеша рўзнома дўсти азизи ҳар як хонанда, ҳар адиб аст. Мо ҳам ҳамеша таваҷҷўҳ ба рўзнома дорем, зеро он рўзнома аст, яъне оинаи ҳар як рўзи ин ҷамъият аст.
Бино бар ин, сол ба сол, давра ба давра таваҷҷўҳ ба рўзнома меафзояд. Як замоне буд, ки нияти мо парешон буд, дунё парешон буд ва саҳифаҳои рўзнома ҳам парешон буд.
Ба рафти рўзгору тақозои зиндагӣ мо ҳама дирўзакак ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро истиқбол гирифтем, тантанаҳо буд ва дида истодаем, ки дар баробари мустаҳкам шудани рукнҳои давлатдорӣ Тоҷикистони азиз рў ба тараққӣ овардааст. Ва ба шарофати Истиқлолият ҳам рўзномаҳо ва ҳам маҷаллаҳо реша давонда, симои аслии хешро нишон дода истодаанд. Аз ин рў, симои ҳар рўзнома ҳам асолати худро нишон медиҳад, вай ҳама гуна маълумоте, ки чоп мекунаду бо он маълумот хонандааш шинос мешавад, хотири ўро ҷамъ медорад.
Бино бар ҳамин, сол то сол мо, ба як ҷо расида бошем ҳам, аз мутолиаи рўзнома дур нестем, аз ҷумла аз газетаи «Сухани халқ» ҳам.
БАРАНДА: Ташаккур устод, бо вуҷуди он ки баъзе мутахассисони соҳаи матбуот бар он ақида ҳастанд, ки рўзнома бояд бештар иттилоотӣ бошад, пурсишҳо ҳамин хел натиҷа овард, ки рўзномае, ки ба ҳар ҳол бо адабиёт, бо сухан, бо наср, бо назм иртибот дошта бошад, он хонандаи бештар дорад. Мехостам, донам, ки ана ҳамин мавқеъ аз нигоҳи Шумо чӣ гуна фаҳмида мешавад?
МЕҲМОН: Саломат бошед, чуноне ки гуфтем, агар таваҷҷўҳи хонанда аз ҷумла ба адиб зиёд бошад, бояд, ки таваҷҷўҳи рўзнома ҳам нисбат ба адиб, нависандаю шоир бештар бошад, зеро ки хоҳем-нахоҳем, рўзнома ин рўзнома аст, аз номаш, аз рисолаташ маълум аст, ки ифодагари воқеаи рўзу рўзгор аст.

пешина
аз 601
навбатӣ