Зеҳн
ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

Бемуҳобо, номи устод Боймуҳаммад Ниёзов ҳамчун сароянда, оҳангсоз, таронасаро ва донандаи беҳтарини “Шашмақом” дар китоби таърихи санъати тоҷик ҷовидонӣ сабт хоҳад шуд. Устод ҳамзамон донандаи адабиёти классикӣ ва суханшиноси беназир низ ба ҳисоб мераванд.
Мушоҳидаи тўлонии мо ҳини ҳамкориҳо як бори дигар собит мекунад, ки бисёре аз сифатҳои ҳунарӣ, анъанаву суннатҳои омўзгорӣ, принсипу усулҳо дар интихоби матн, муносибат ба шашмақом ва маърифати дурусти он, ки камтар сарояндагони муосирро мавҷуд аст, бояд мукаммал омўхта шуда, мавриди на танҳо ибрат балки корбарии шогирдон қарор гирифта бошад.
Бознашри маводҳои дар боло зикршуда ва тарғиби он тавассути расонаҳои мухталиф, ки тамоми паҳлўҳои ҳаёти устодро фаро гирифтааст, аз вазифаҳои аввалиндараҷа маҳсуб мешавад. Зеро филмномаву барномаҳои мазкур фарогири асноду далелҳои таърихӣ дар бораи “Шашмақом” ва устод Боймуҳаммад Ниёзов мебошад. Боймуҳаммад Ниёзов намунаи олии ҳунармандест, ки баробари дар сатҳи зарурӣ донистани мусиқӣ, дуруст хондани матни суруд ва маърифати онро аз муҳимтарин сифатҳои ҳунарварӣ медонад, ки барои ҷавонон бояд ибрат бошад. Ба иборати устод таронасаро будан ин ҳофизӣ нест. Зеро вожаи «ҳофиз» ҳифзкунанда аст ва он нафаре ки мехоҳад ин номро сазовор бошад, бояд дар ҳифзи “Шашмақом” кўшиш намояд. Дарсҳои устод, ки бо шеваи хоси суннатӣ сурат пазируфтааст месазад, ки дар шакли дарси видеоӣ ба донишҷўён пайваста намоиш дода шавад ва устодони имрўз аз ин усул истифода баранд. Таъсис додани дарси “Шеваи Боймуҳаммад Ниёзов” низ айни матлаб хоҳад буд.
Ҳаминтариқ меросе, ки аз устод барои миллат боқӣ мондааст, ёдгории бегазандест, ки то ҷовидонҳо хоҳад рафт ва шубҳае нест, ки номи ин абармарди санъат ифтихори ин миллати сарбаланду сарфароз хоҳад монд.

пешина
аз 601
навбатӣ