ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Сафарҳои мо бо устод моҳи май дар арафаи Рўзи Шашмақом сурат мегирифт, ки дар шаҳри Исфара як барномаи дигари телевизионии банда бо номи “Навое то ҷовидон” дар заминаи сўҳбати хусусии мо дар бораи “Шашмақом” ва таърихи он ба навор гирифта шуд,ки устод дар ин барнома дар бораи мероси бебаҳои ҳунарии миллати мо ”Шашмақом” ва бузургтарин сарояндагону донандагони ин гавҳари ноби санъати тоҷик ибрози назар намуданд. Дар сўҳбати мазкур сухандониву суханшиносии устод бармало зоҳир мешуд. Устод бо овардани абёти зерини Ҳилолӣ аз он ҳикоят мекарданд, ки чунин матни баландмазмунро танҳо шоири тоҷик метавонад эҷод намояд:
Биё-биё, ки дилу ҷони ман фидои ту бод, Саре ки бар тани ман аст хоки пои ту бод Дилам ба меҳри ту сад пора боду ҳар пора.
Ҳазор зарраву ҳар зарра дар ҳавои ту бод Ва бо ифтихор илова мекарданд:
Ҷаҳонгирони маъниро макун нисбат ба Искандар, Ба як мисраъ ду оламро мусаххар метавон карданд Аз миёни корҳои ба анҷом расида ба андешаи ин ҷониб муҳимтарин ва судмандтаринаш сабти даҳ дарси устод маҳсуб мешавад, ки давомнокии он 20 соат буда, барои омўзандагони “Шашмақом” дар ҳар давру замон беҳтарин дастур хоҳад буд.
Ин ҳама маводҳо, ки дар маҷмўъ қариб аз 300 соат иборат аст, дар фазои иттилоотии кишвар паҳн гардида, асли онҳо дар бойгонии телевизиони вилоят маҳфуз мебошанд. Онҳо на танҳо барои тамошову тафреҳ балки баҳри омўхтани зиндагинома, эҷодиёт ва усули таълими устод Боймуҳаммад Ниёзов арзишманданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор