ДАВЛАТ, СИЁСАТ, ҶОМЕА

Мақолаҳои китоби мазкур ба масоили мубрами замон, аз ҷумла сиёсат, иқтисодиёт ва иҷтимоиёт бахшида шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 601 саҳифа
Ҷои зикр аст, ки филми мазкур соли 2005 дар симпозиуми байналмилалии филмҳои ҳуҷҷатӣ, ки дар Мозандарони кишвари Эрон баргузор гардида буд, ба ҷоизаи “Беҳтарин филм дар бораи сароянда” сазовор гардид.
Барои сабти наворҳои видеоӣ мо гурўҳи кориро таи ду моҳ шарофати ҳамнишиниву ҳамсўҳбатӣ бо устод даст дод, ки бо эшон ба мавзеоти зебоманзари вилоятамон сафар намоем. Ҳини сабти телевизионӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят, аз ҷумла Хуҷанд, Бобоҷон Ғафуров, Исфара, Истаравшан, Ҷаббор Расулов маро лаҳзаҳои фаровони мусоид мушарраф шуд, ки аз ҷаҳони ботинии устод Боймуҳаммад Ниёзов огоҳ шавам ва шахсияти наҷибу нотакрори як ҳунарманди беназири тоҷикро барои худам аз наздик кашф намоям. Нақлҳои ҷолиби устод дар мавриди зиндагиву фаъолияташон, муаллимону ҳамкорон, дўстону шогирдонашон, андешаҳои ҳакимонаву файласуфона дар бораи зиндагӣ, адабиёт, ҳунар ва мусиқӣ ҳамагӣ маро муваззаф менамуданд, ки ин ҳамаро ба навор бигирам то барои фардоиён низ дастрас бошад. Ҳаштод номгў суруди устодро сабту танзим намудем ва аксари сурудҳои устод, ки имрўз аз телевизион ва радиои кишвар пахш мешаванд, ҳосили ҳамон заҳматҳои гурўҳи кории телевизиони вилояти Суғд мебошад.
Барномаи телевизионии “Шаҳди сўҳбат бо Боймуҳаммад”, ки дар назди қасри таърихии “Арбоб” сабт гардид, ману Мўҳсин Аминзодаро мушараф шуд, ки таи ду соат аз сўҳбати озод ва пур аз шаҳду ҳикмати Боймуҳаммад Ниёзов баҳраҳо бардорем. Ин барнома барои тамошобин бори дигар чеҳраи инсонӣ ва ҳунарии устодро намоиш дод. Ин барнома лабрези хотираҳои ширини устод буданд, ки он бегоҳ мо аз забони устод мешунидем. Махсусан баёни таърихи эҷоди баъзе аз сурудҳои маъруф монанди “Эй ҷони ман асират” ҷолиб буд. Дар мавриди эҷоди ин суруд устод нақл карданд, ки ҳини даравидани гандум аз садои даравиши дос ба илҳом меоянду он суруди маъруф ба забонашон ҷорӣ мегардад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор