Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Чу бишнид бадгавҳар Афросиёб,
Ки шуд Тусу Рустам бар он рўи об,
Шуд аз Бохтар сўи дарёи Ганг,
Диле пур зи кина, саре пур зи ҷанг.
495 Ҳама бум зеру забаркарда дид,
Меҳон куштаву кеҳтарон барда дид.
На аспу на ганҷу на тоҷу на тахт,
На шодоб бар шох барги дарахт.
Ҷаҳоне зи оташ барафрўхта,
Ҳама кохҳо кандаву сўхта.
Зи дида биборид хуноб шоҳ,
Чунин гуфт бо меҳтарони сипоҳ,
Ки «Ҳар кас, ки ин бад фаромуш кунад,
Ҳаме ҷони бедор беҳуш кунад.
500 Ҳама як ба як дил пур аз кин кунед,
Сипар бистару тарг болин кунед.
Ба Эронзамин разму кин оварем,
Ба ҷанг осмон бар замин оварем.
Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,
Ҳамон аз паи ганҷу пайванди хеш
Ҳама шаҳри Эрон ба пой оварем,
Бикўшему ин кин ба ҷой оварем.
Ба як разм агар боди эшон биҷаст,
Нашояд чунин кардан андеша паст.
505 Зи ҳар сў силоҳу сипоҳ оварем,
Ба наввӣ яке тоза роҳ оварем».
Ба зудӣ яке лашкаре гирд кард,
Ҳама бо синону силеҳу набард.
Худу лашкараш сўи Эрон кашид,
Ба кини далерону шерон кашид.
Баророст аз ҳар сўе тохтан,
Набуд ҳеч ҳангоми пардохтан.
Ҳама сўхт обод буму дарахт,
Бар эрониён - бар шуд ин кор сахт.
510 Зи борон ҳаво хушк шуд ҳафт сол,
Дигаргуна шуд рангу баргашт ҳол.
Шуд аз ранҷу тангӣ ҷаҳон пурниёз,
Баромад бар ин рўзгори дароз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё