Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Нишаста ба Зобул яли пилтан,
Гирифта ҷаҳон турки шамшерзан.

Дидани Гударз Кайхусравро ба хоб

Чунон дид Гударз як шаб ба хоб,
Ки абре баромад аз Эрон пуроб.

Бар он абри борон нишаста Суруш,
Ба Гударз гуфтӣ, ки букшой гўш.

515 Зи тангӣ чу хоҳӣ, ки гардӣ раҳо
Аз ин бадкуниш турки нараждаҳо

Ба Турон яке шаҳрёри нав аст,
Куҷо номи ў шоҳ-Кайхусрав аст.

Зи пушти Сиёвуш яке шаҳрёр,
Ҳунарманд в-аз гавҳари номдор.

Сарафроз в-аз тухмаи Кайқубод,
Зи модар сўи Тур дорад нажод.

Ба Эрон чу ояд паи фаррухаш,
Зи чарх он чи пурсад, диҳад посухаш.

520 Миёнро бубандад ба кини падар,
Кунад кишвари Тур зеру забар.

Ба дарёи қулзум ба ҷўш орад об,
Нахорад сар аз кини Афросиёб.

Ҳамасола дар ҷавшани кин бувад,
Шабу рўз дар ҷанг бар зин бувад.

Зи гурдони Эрону гарданкашон,
Наёбад ҷуз аз Гев кас з-ў нишон

Чунин аст фарҷоми кори сипеҳр,
Бад-ў довар аз дод густурда меҳр.

525 Чу аз хоб Гударз бедор шуд,
Ситоишкунон пеши додор шуд.

Бимолид бар хок риши сапед.
Зи шоҳи ҷавон шуд дилаш пурумед.

Чу хуршед пайдо шуд аз пушти роғ,
Баромад ба кирдори равшан чароғ.

Сипаҳбад нишаст аз бари тахти оҷ,
Биёрост айвон ба курсии соҷ.

Пурандеша дил, Гевро пеш хонд,
В-аз он хоб чанде суханҳо биронд.

530 Бад-ў гуфт: «Фаррух паю рўзи ту,
Ҳамон ахтари гетиафрўзи ту.

Ту то зодӣ аз модари б-офарин,
Пур аз офарин шуд саросар замин.

пешина
аз 234
навбатӣ