Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

475 Ба Эрон парастандаву тахтгоҳ,
Ҳам он ҷо нигину ҳам он ҷо кулоҳ.

Чунин чира гаштем бар хоста,
Дил ороста шуд, равон коста.

Чу дил барниҳӣ бар сарои куҳан,
Кунад нозу бар ту бипўшад сухан.

Гарат дил на бо рои оҳарман аст,
Сўи оз мангар, ки ў душман аст.

Бипўшу бипошу бинўшу би(х)вар,
Туро баҳра ин аст аз ин раҳгузар.

480 Таҳамтан бад-ин гашт ҳамдостон,
Ки фархунда мўбад бизад достон.

Чунин гуфт хуррамдили раҳнамой,
Ки хушшӣ гузин з-ин сипанҷӣ сарой.

Нигаҳ кун, ки дар хок ҷуфти ту кист,
Бар ин хоста чанд хоҳӣ гирист?!

Бозрафтани Рустам ба Эронзамин

Таҳамтан чу бишнид, шарм омадаш,
Ба рафтан яке рои гарм омадаш.

Биёвард аспон зи ҳар сў гала,
Ки буданд бар дашти Турон яла.

485 Ғулому парастандагон даҳ ҳазор
Биёвард шоистаи шаҳрёр.

Ҳамон нофаи мушку мўи самур,
Зи санҷобу қоқум, зи кимолу бур.

Ба мўю ба бўю ба динору зар
Шуд ороста пушти пилони нар.

Зи густурданиҳову аз бешу кам,
Зи пўшиданиҳову ганҷу дирам,

Зи теғу силеҳу зи тоҷу зи тахт
Ба Эрон кашиданду барбаст рахт.

490 Зи Турон сўи Зобулистон шуданд,
Ба наздики фархунда Дастон шуданд.

Сўи Порс шуд Тусу Гударзу Гев,
Чунон лашкаре номбардори нев.

Ниҳоданд сар сўи шоҳи ҷаҳон,
Чунон номдорону фаррухмеҳмон.

пешина
аз 234
навбатӣ