Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Нахуст андаромад ба гурзи гарон,
Ҳаме кўфт чун путки оҳангарон.
Ба аспу ба пою ба ёлу рикеб
Савор аз фароз андаромад ба шеб.
1015 Ҳаме зад, ҳаме кушт гурдони мо,
На андеша будаш зи мардони мо.
Ҳамоно, ки борон наборад зи меғ,
Фазун з-он ки борид бар сар-ш теғ.
Чу андар гулистон ба зин-бар нахуфт,
Ту гуфтӣ, ки гаштаст бо кўҳ ҷуфт.
Саранҷом баргашт яксар сипоҳ,
Ҷуз аз ман нашуд кас бараш кинахоҳ.
Гурезон зи ман тоб дода каманд,
Бияндохт, омад миёнам ба банд.
1020 Пароканда шуд донишу ҳуши ман,
Ба хок андаромад тану тўши ман.
Зи асп андаромад, ду дастам бубаст,
Барафканд бар зину худ барнишаст.
Бад-он хориям назди Хусрав кашид,
Яке доғ бар ҷонам аз нав кашид.
Ҳаме хост сар, лек бидрид гўш,
Ду дастам бубасту баровард ҷўш.
1025 Ба ҷону сари шоҳу хуршеду моҳ,
Ба додори худкому тахту кулоҳ
Маро дод аз ин гуна савганд сахт,
Бихўрдам, чу дидам, ки баргашт бахт,
Ки накшояд ин дасти ман ҳеч кас,
Ба ҷуз ҷуфти Гулшаҳр дар даҳру бас.
Замоне сару поям андар каманд,
Ба дигар замон зери савганд банд.
Надонам чӣ роз аст назди сипеҳр,
Бихоҳад рабудан зи ман пок меҳр».
1030 Чу бишнид гуфтораш Афросиёб,
Ба дида зи хашм андаровард об.
Яке бонг барзад, зи пешаш биронд,
Бупечид Пирону хомуш бимонд.
В-аз он пас ба мағз андарафканд бод,
Ба дашному савганд лаб баркушод,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё