Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.
Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа
Ба Гев он гаҳе гуфт шоҳи далер,
Ки «Аспаш маро бахш, эй наррашер».
Бад-ў гуфт Гев: «Эй далери сипоҳ,
Чаро суст гаштӣ ба овардгоҳ,
980 Агар хоҳӣ ин бодпои давон,
Ду дастат бубандам ба банди гарон.
Яке сахт савгандро ёд кун,
Ба паймон тани баста озод кун,
Ки накшояд ин банди ман ҳеч кас,
Кушоянда Гулшаҳр хоҳам ва бас,
Куҷо меҳтари бонувони ту ўст,
В-аз ў нест пинҳон туро мағзу пўст».
Бад-он гашт ҳамдостон паҳлавон,
Ба савганд бихрид аспу равон,
985 Ки накшояд ин банди ман кас ба роҳ,
Ки Гулшаҳр дорад мар ин дастгоҳ.
Бад-ў дод аспу ду дасташ бубаст,
В-аз он пас бифармуд, то барнишаст.
Фарангису Кайхусрави хубчеҳр,
Ба бар-дар гирифтанд ўро ба меҳр.
Бирафту ҳаме хонд ў офарин
Абар шоҳу бар паҳлавони замин.
Ёфтани Афросиёб Пиронро ба роҳ
Чу аз лашкар огаҳ шуд Афросиёб,
Бар ў тира шуд тобиши офтоб.
990 Бизад кўсу бўқу сипаҳ барнишонд,
Ба кирдори оташ аз он ҷо биронд.
Ду манзил яке карду омад дамон,
Ҳаме ҷаст бар сони тир аз камон.
Чу овард лашкар бад-он размгоҳ,
Ки оварди Гулбод буд бо сипоҳ.
Ҳама марз лашкар пароканда дид,
Ба ҳар ҷой-бар мардум афканда дид.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё