Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ки «Шояд, ки андешаи паҳлавон
Кунам ошкоро ба равшан замон».

Бад-ў гуфт Гев: «Эй шаҳи сарфароз,
Сазад к-ошкоро бувад бар ту роз.

Бад-ин эзадӣ фарру бурзи каён,
Ба мўй андароӣ, бубинӣ миён».

750 Бад-ў гуфт: «Аз ин аспи фаррухнажод
Яке бар дил андеша омад-т ёд.

Чунин кардӣ андеша, эй паҳлавон,
Ки аҳриман омад бари он ҷавон.

Кунун рафту ранҷи маро кард бод,
Пур аз ғам равони ману дев шод».

Зи асп андаромад ҷаҳондида Гев,
Ҳаме офарин хонд бар шоҳи нев,

Ки «Рўзу шабон бар ту фархунда бод,
Дили бадсиголони ту канда бод!

755 Ки бо бурзу аврангиву ҷоҳу фар,
Туро дода Яздон ҳунар бо гуҳар».

Зи боло ба айвон ниҳоданд рўй,
Пурандеша мағзу равон роҳҷўй.

Чу назди Фарангис рафтанд боз,
Сухан рафт чанде зи роҳи дароз.

Бад-он, то ниҳонӣ бувад корашон,
Набошад кас огаҳ зи бозорашон.

Фарангис чун рўи Беҳзод дид,
Шуд аз оби дида рухаш нопадид.

760 Ду рухро ба ёлу бараш барниҳод,
Равони Сиёвуш ҳаме кард ёд.

Чу об аз ду дида пароканда кард,
Сабук сар сўи ганҷи оганда кард.

Ба айвон яке ганҷ будаш ниҳон,
Набуд з-он касе огаҳ андар ҷаҳон.

Яке ганҷи оганда динор буд,
Гуҳар буду ёқут бисёр буд.

Ҳамон ганҷи кўполу баргустувон,
Ҳамон ханҷару теғу гурзи гарон.

765 Сари ганҷ букшод пеши писар,
Пур аз хун рух, аз дард хаста ҷигар.

Чунин гуфт бо Гев, к-«Эй дида ранҷ,
Бубин, то зи гавҳар чӣ хоҳӣ зи ганҷ.

пешина
аз 234
навбатӣ