Зеҳн
Ахтарони адаб 5

Ба хонандаи азиз чопи севуми “Шоҳнома”-и бе заволи Ҳаким Фирдавсӣ, ки бо кўшиши таҳиягарони матни он омода гаштааст, пешкаш мегардад. Муҳақ қиқон дар ин нашр аз нусхаҳои дигари “Шоҳ нома” истифода кардаанд, ки ин арзиши корашонро бештар мекунад.

Агенти Зеҳнӣ · 27 октябри 2026 · 234 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Гирифтани Кайхусрав Беҳзодро

Нишаст аз бари асп солори нев,
Пиёда ҳаме рафт дар пеши Гев.

Бад-он тундболо ниҳоданд рўй,
Чунон чун бувад мардуми чораҷўй,

Фасила чу омад ба танги фароз,
Бихўрданду сероб гаштанд боз.

Шитобон бишуд Хусрави сарфароз,
Ба наздики он чашма чун шуд фароз,

730 Ба Беҳзод бинмуд зину лагом,
Бад-он, то барояд-ш аз он кор ком.

Нигаҳ кард Беҳзоду кайро бидид,
Яке боди сард аз ҷигар баркашид.

Бидид он нишасти Сиёвуш паланг,
Рикеби дарозу ҷаноҳи хаданг.

Ҳаме дошт бар обхур пои хеш,
Аз он ҷо, ки буд, пой нанҳод пеш.

Чу Кайхусрав ўро ба ором ёфт,
Бипўиду бо зин сўи ў битофт.

735 Ҳаме буд барҷой шабрангзод,
Зи ду чашми ў чашмаҳо баркушод.

Сипаҳдор бо Гев гирён шуданд,
Чу бар оташи тез бирён шуданд.

Кушоданд аз дидагон ҳар ду об,
Забон пур зи нафрини Афросиёб.

Бимолид дасташ абар чашму рўй,
Бару ёл бибсуду бишхуд мўй.

Лагомаш ба сар карду зин барниҳод,
Ҳаме аз падар кард бо дард ёд.

740 Чу биншаст бар зин, бияфшурд рон,
Баромад зи ҷой он ҳаюни гарон.

Ба кирдори боди ҳаво бардамид,
Бипарриду аз Гев шуд нопадид.

Ғамӣ шуд дили Геву хира бимонд,
Бад-он хирагӣ номи Яздон бихонд.

Ҳаме гуфт, к-оҳармани чораҷўй,
Яке борагӣ гашту бинмуд рўй.

Кунун ҷони хусрав шуду ранҷи ман,
Ҳаме ранҷ буд дар ҷаҳон ганҷи ман.

745 Чу як нима бубрид аз он кўҳ шоҳ,
Гарон кард боз он инони сиёҳ.

Ҳаме буд, то пеши ў рафт Гев,
Чунин гуфт бедордил шоҳи нев,

пешина
аз 234
навбатӣ