Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

М. МИРШАҚАР.

Гули лола

I.

Дар дашту кӯҳсори мо
Рӯидаву бишкуфтааст,
Бо ҳусни худ саҳроро
Хушруйтар намудаст.

II.

Аз дур агар бинедаш,
Чун байрақча мераҳшад,
Шинед агар дар пешаш,
Хурсандиҳо мебахшад.

III.

Медонед номи онро?
Номаш гули лола аст.
Чун байрақча, бачаҳо,
Мегиранд ӯро дар даст.

пешина
аз 57
навбатӣ