Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

КӯдаконШеърМаориф
Аз аввал хондан

Ҳ. МАВҶУДА.

Боғчаи мо

Байни дарахтон,
Дар деҳаи мо,
Воқеъ гардида
Бинои зебо —

Ин боғчаи мо,
Ин боғчаи мо.

Калону тоза
Тирезаҳояш.
Дилкашу форам
Боду ҳавояш.

Роҳатрасон аст,
Роҳатрасон аст.

Аз барои мо
Бозича бисёр:
«Хирсак»-у «мошин»,
«Асп»-у «трактор»,

Дар боғчаи мо,
Дар боғчаи мо.

Мо — бачагони
Хубу гапдаро,
Бозӣ мекунем
Ҳамроҳ доимо.

Мо меҳрубонем,
Мо меҳрубонем.

пешина
аз 57
навбатӣ