Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

МаорифКӯдаконШеър

БА ЧОИ МУҚАДДИМА

Шеър ва шеъразёдкунӣ дар инкишофи нутқи кӯдакон роли муҳим мебозад. Бачаҳо шеърҳоро бо шавку ҳаваси калон гӯш мекунанд ва аз ёд менамоянд.

Шеър агар аз як тараф, нутқ ва тафаккури кӯдаконро инкишоф диҳад, аз тарафи дигар, ҳисси эстетикии онҳоро бедор менамояд.

Барои кӯдакони синну соли томактабӣ шеърҳои зиёде эҷод карда шудаанд. Аммо онҳо дар шакли пароканда мебошанд. Дар маҷмӯа мақсад гузошта шудааст, ки то андозае кори мураббиён дар интихоби шеърҳои бачагона осон карда шавад.

Дар маҷмӯа шеърҳое гирд оварда шудаанд, ки аксари онҳо ба васфи Ватан, падару модар, бобою модаркалон, фаслҳои сол, зебогии табиат, меҳнати диловаронаи одамони советӣ эҷод карда шудаанд.

Мураббиён ҳангоми омӯзондани шеърҳо ба бачагон бояд ғояи онҳоро махсус қайд намуда, нисбат ба объектҳои тасвиршуда меҳру муҳаббати кӯдаконро пайдо кунонанд.

Аз тартибдиҳанда.

аз 57
навбатӣ