Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
КӯдаконШеърМаориф
Аз аввал хонданМ. МИРШАҚАР.
Ватанам Тоҷикистон.
Ман калон мешавам,
Қаҳрамон мешавам,
Бар диёри худам
Посбон мешавам.
Нақарот
Ватанам Тоҷикистон,
Гулшанам Тоҷикистон.
Гул барин дар чаман
Гул кунад бахти ман,
Доимо дар дилам
Маҳкам аст ин сухан.
Нақарот
Ватанам Тоҷикистон,
Гулшанам Тоҷикистон.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё