Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.
Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа
ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хонданМ. МИРШАҚАР.
Ватан
Ватан аз дилҳо
Мебарорад ғам.
Ватан одамро
Мекунад одам.
Болу пари кас
Ватан мебошад.
Бахтовари кас
Ватан мебошад.
Ту бахтиёрӣ,
Эй насли озод!
Ту Ватан дорӣ,
Зебову обод!
Бигирифтааст ӯ
Туро дар оғӯш,
Аммо накун ту
Ҳаргиз фаромӯш.
Фарзанди ҷон бош
Бар ватани хеш,
Ҳам посбон бош
Бар Ватани хеш!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё