Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

М. МИРШАКАР.

Зимистон

Ин духтаракро бингаред,
Дар тан либоси сап-сафед,
Меҳмон ба назди мо шудаст,
Шодӣ кунед, шодӣ кунед!
Номаш зимистон, бачаҳо,
Дар пешвози ӯ равед,
Гӯед:
— Меҳмон, марҳамат!
Хуш омадед! Хуш омадед!

Қиштичаи ман

Қиштичаи хушрӯяк
Овард ба ман Мирамак,

Мешавам ман капитан,
Дар дарёҳои Ватан.

Шино карда мегардам,
Наметарсам аз душман!

пешина
аз 57
навбатӣ