Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

МаорифКӯдаконШеър
Аз аввал хондан

Зочаи ман

Зочаи ман, зочаи ман,
Зочаи доночаи ман.
Зочаи ман, зочаи ман,
Бозӣ бикун, мижа бизан.

Зочаи хушрӯяки ман,
Тозаю хушбӯяки ман.
Қобилу гапдарой ту,
Шавла пазам барои ту.

Шавлая гар бутун хурӣ,
Ба ту диҳам ман чукурӣ...
Чӣ шуд ба ту, чонаки ман,
Зочаи пурдонаки ман?

Касал шудӣ, бинам канӣ?
Ҳароратат қариби сӣ!
Куҷоякат касал шудаст?
Овози ту бисёр паст.

Бигӯ, бигӯ, ки бишнавам,
Барои дору ман равам.
Дарди гулӯ шудӣ магар,
Ки нола дорӣ ин қадар?...

Гирья накун, дору бихӯр,
Бихӯр, бихӯр, шишача пур.
Сиҳат бишав, бозӣ кунем,
Тоқита гулдӯзӣ кунем.

пешина
аз 57
навбатӣ