Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

Исмоилҷон

Исмоилҷон хурдсол аст,
Ҳоло ӯ намехонад,
Вале шеъру ҳикоя
Хеле бисёр медонад;

Аз Михалков, аз Маршак,
Аз Толису Миршакар,
Аз Толстою Пушкин
Аз Деҳотию Гайдар.

Бо оҳангу мақомаш
Ӯ сурудҳо мехонад.
Аз худаш ҳам мебофад,
Агар ҷое дармонад.

Агар аз ӯ бипурсед:
— Аз кӣ гирифтӣ ёд ту?
— Аз боғчаи бачаҳо,
Ҳам аз модар, — гӯяд ӯ.

пешина
аз 57
навбатӣ