Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

А. ШАРИФИ.

Ман ба мактаб меравам

Эй зочаи кокулсиёҳ,
Бад-бад накун бар ман нигоҳ!
Донояки ман, гӯш кун,
Ҳафтсола гаштам ман кунун.
Бояд нагоҳ мактаб равам,
Боаклу донотар шавам.
Охир, ҳама дугонаҳо —
Парвини шӯҳу Дилрабо,
Зебову Гулнору Анор,
Ҳам Гулбаҳори беқарор
Оянд мактаб шодмон,
Ман ҳам равам ҳамроҳашон...
Аз чӣ ҳамӯшӣ, гап бизан,
Эй зочаи хушрӯи ман?
Бозӣ кунам ҳамроҳи ту?
Вақтам канӣ, охир, бигӯ?

пешина
аз 57
навбатӣ