Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

С. ГУЛЧЕҲРА.

Кӣ омад?

Кӣ омаду кӣ омад,
Хандон зи дар даромад?
Дугонаҷонам омад,
Рахшонаҷонам омад.
Рахшонаи балоҷа,
Дар рӯи дасташ зоҷа:
Як зоҷаи наппа-нав,
Куртааш ранги алав,
Як зоҷаи мӯдароз,
Як зоҷаи пури ноз.
Рахшонаҷон, Рахшона.
Рахшонаи ҷонона,
Ба ман бидеҳ зоҷаро,
Зоҷаи балоҷаро.
Дасту рӯяшро шӯем,
Биё, мӯяшро шӯем.
Аз барои ин зоҷа
Ман холаву ту — оча.

пешина
аз 57
навбатӣ