Зеҳн
Лафзи ширин

Ин китоб маҷмуаи шеърҳо барои кӯдакони синни томактабӣ мебошад. Шеърҳо барои инкишофи нутқ ва тафаккури кӯдакон муҳим буда, бо завқу ҳавас аз ёд карда мешаванд. Дар онҳо васфи Ватан, модар ва зебоии табиат ифода ёфтааст.

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 57 саҳифа

ШеърМаорифКӯдакон
Аз аввал хондан

Ба ман гурбача овард
Дадоям аз магазин,
Ҳама исту бисти вай
Гурбаи зинда барин.

Ӯ мижа ҳам мезанад,
Чашмонаш тезу равшан,
Чашмаша карда ало,
Нигоҳ мекунад ба ман.

Аз ҳеҷ чӣ наметарсад,
Бабр барин меғуррад,
Агар қаҳраш биёяд,
Шерро зинда мехӯрад!

Рӯзе аз каравотча
Афтида хобаш бурдаст,
Мушаки аҳмақ бошад,
Пои чапашро хӯрдаст...

Дадом рафта аз бозор
Як тои нав меорад,
Он гоҳ гурбачаи ман
Мушакро зуд медорад.

пешина
аз 57
навбатӣ