Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ё метавон бо равғани судоб ва равғани шибит дорурезӣ намуд. Гоҳе бар заҳдон зимодҳоеро биниҳанд, ки аз судоб, тухми панҷангушт, зира, қантуриюн, баранҷосф, марзангӯш, анисун, пудина, салиха, нонхоҳ ва дигар тухмиҳо сохта бошанд. Ё [беморро] андар обҳое нишонанд, ки андар онҳо доруҳои [таркиби] зимодҳои ёдшударо ҷӯшонида бошанд. Гоҳе бо дегафзорҳои гарм бахур кунанд ва ё бар зиҳор ва заҳдонаш бо оташ миҳҷама бигузоранд.

Фасли чаҳордаҳум
андар баёни бодҳои заҳдон

Худованди он194 чунин ҳис кунад, ки гӯё андар заҳдонаш як чизи овехтаю муаллақ ҷой дорад ва баҳра-баҳра дарди аз ҷое ба ҷое гузаранда дарёбад.
Илоҷаш он бошад, ки ҳар рӯз якуним дирам даҳмарсоро бо даҳ дирам обе истеъмол кунад, ки андар он як дирам зира ва як донг мастако ҷӯшонида бошанд.195

пешина
аз 1215
навбатӣ