Қонуни тиб

Фанни бисту дуввум
АНДАР баёни бемориҳои
андомҳои зоҳирӣ ва тарафӣ,
ки шомили ду мақола бошад
Мақолаи нахустин
андар баёни он офатҳои миқдорӣ ва ниҳодие,
ки ин андомҳоро] рӯй бидиҳанд
Фасли нахустин
андар баёни чодарпиҳ ва ду сифоқ
Бояд бидонӣ, ки бар болои шикам аз зери пӯст ду парда аст. Яке аз онҳоро «ал-ғишоу-т-тофӣ» (пардаи бар рӯй истоянда) номанд ва он рӯдагонро андар хеш гирифта, бо зичию равғаннокии худ онҳоро гарм бидорад ва мушакҳоро низ фаро гирифта бошад.196 Пардаи дуввум остар буда, (605) «бориторун» ном дорад ва ӯро «пардаи гирд»
низ хонанд, аз баҳри он ки агар вайро аз чизи пӯшидааш ҷудо кунанд, чун гӯйе бинамояд, ки бар вай пурзҳо, фузуниҳои нарм ва сӯрохҳо ҷой дошта бошанд. Ин [парда] аз барсӯ бо ҳиҷоб пайваста аст ва онро аз боло ҷудо созад. Вай пардаи тунукест, ки андар зери пӯсти шикам ва пардаи он ҷой дорад ва ду мушак аз мушакҳои шикам аз росту чап бар вай сахт часпидаанд. Сипас, баъд аз ду [мушак] ӯ бо ҳиҷоб ва бахшҳои гӯштии он ба таври якшуда пайваст гардидааст. Пайвастани он бо меъда баъд аз мустаҳкам ва фишурда шудани гавҳараш сурат бигирад, вале ин пайвастагӣ пайвастагии густаришёбанда бувад. Аммо ба наздики пайвастан бо ҷигар ниҳоят тунук шавад.
Вай ба ҳангоми ба сӯи меъда баромадан ва фурудоён аз он ҷо печ хӯрда, барои гузаргоҳҳои рагҳо ва шараёнҳои зиёди бо он даровехта имконият фароҳам оварад ва худ ба зер гузашта, чодарпиҳ бигардад. Аз рӯи бахши зиёди бориторун сифоқе иборат аз мушакҳои тунуки бар шикам бар паҳно паҳнгардида бигузарад, ки ба иллати пайваст будан ва аз ҷиҳати асабнокӣ ба [гавҳари] бориторун шабоҳат доштанаш ӯро қариб як ҷузъи бориторун пиндоранд, вале агар бориторунро аз он ҷудо кунанд, як бофтаи ниҳоят тунук боқӣ бимонад, ки бориторуни ростинӣ он бошад. Аз ҳама тунуктару холистари он ба наздики тиҳигоҳҳост. Пардаи рӯи паҳлуҳоро пӯшонида аз ҳамин парда растааст.
Манфаати ин сифоқ аз он иборад аст, ки миёни мушакҳои шикам ва рӯдагонро пур кунад; ин маҳаллро мустаҳкам созад; бо ёрии диёфрағмо аз пас мушакҳоро ба ҷойҳои тиҳӣ афтидан нагузорад; аз паси рӯдагон ва андомҳои дарунини фазларонанда фишор оварда, шавқи ронда шудани [312] бироз, пешоб ва ҷанини андар онҳо бу
даро бедор кунад; пеши дамиши сахтро бигирад; ва бо банди қавӣ андомҳои андарунинро ба тавре бибандад, ки онҳо андар пушт мисли чизи ягона баста бигарданд ва ҳамаи онҳоро аз пас бар гӯшти ғуддаие барбандад, ки он аз барои онҳо ва аз барои рагҳои бузург ва шохаҳои миёни рӯдагону меъда пайваста ҳамчун болине бувад. Гурӯҳе гуфтаанд: «Гуфтан раво нест, ки сифоқ ҷисмҳоест аз лиф иборат буда, ин [лиф] бар ҷиҳатҳои маълуми он лифе бофта шуда бошад, ки афзори қувваҳои сегонаи197 табиат аст». Вале ин гурӯҳ нисбат ба табақаҳои рагҳо, обгаҳ ва заҳдон, ба истиснои яке аз пардаҳо, ки ҷисми сода аст, чунин гуфтан наметавонанд. Ин ду парда андомҳои андарунини тиҳигоҳи фурӯсӯвинро муҳофазат кунанд ва он ду чун ба зиҳор бирасанд, андар онҳо ду сӯрохи танге чун ҳуҷрачаҳо аз росту чап ба амал оянд. Аз он ҷой ҳар ду фуруд омада, чун кисаҳои ҳар ду тухм бигарданд. Андар зери ин ду парда чодарпиҳ ҷой дорад. Чодарпиҳ аз ду пардаи рӯбарӯ иборат буда, аз миёни онҳо шараёнҳои бисёре ва камтар аз онҳо рагҳои варидӣ бигузаранд. Шакли чодарпиҳ мисли харита буда, бо меъда, мосориқо ва рӯдаи қулун баста аст ва саргаҳи он аз бахши зиёдатии бориторун, ки ба назди меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта аст ва инчунин аз бахши зиёдатии дигари он, ки ба наздики зиҳор аст, оғоз ёбад. Нахустин чизе, ки аз шикам дарёфта шавад, пӯст аст ва сипас пардаи якуми зери он бувад, ки маҷмӯъи ҳар дуро мароққ бигӯянд. Баъд аз он мушакҳо, сипас бориторун, баъд чодарпиҳ ва баъди ҳама рӯдагон оянд.
Фасли дуввум андар баёни фатқ ва он чи, ки бад-он монад
Фатқ бо аз ҳам гусастани ягонагии пардаи [якум], даридани он ва берун омадани ҷисми бегонае ба амал ояд,
ки пеш аз даридан андар он банд буд. Ё мумкин аст ба
сабаби фарох шудан ва ё аз ҳам гусастани маҷроҳои танги ин [парда] рӯй диҳад. Агар он ба тавре ба амал ояд, ки
чизи беруномада то ба ҳар ду хоя рафта бирасад, ин гуна
[фатқро] «удра» (истисқои хоя) ва «қайла» хонанд ва
ғайри инро бо номи ҳамагонӣ номбар кунанд. Аксар вақт истисқои хоя, даволӣ ва сахтии он ва сахтиҳои пӯсти хоя ба ҳангоми фатқи чодарпиҳӣ воқеъ шаванд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор