Қонуни тиб

Агар хун наистад, бар зиҳор, камар ва атрофи он пайваста миҳҷамаҳоро ба таври устувор бигузоранд, як пора пашминаро андар оби ҷӯшонидаи доруҳои қабзкунандае оғушта, ба фарҷаш бизананд, ки андар он об ақоқиё, [311] ҳибуқистидос, ҳузаз ва монанди инҳоро ҳал карда бошанд ва худи ӯро андар обҳои қабзкунанда бинишонанд. Агар бавосир паҳни васеъ бошад, ба буридани онҳо напардоз, балки доруҳои хушккунандаи қавӣ ва хунбандандаро ба кор бар ва бар онҳо, масалан, латтапораеро бинеҳ, ки андар фишурдаи зиришк ва туруша таркарда ва бар вай хокаи ҳузаз, ақоқиё ва монанди он пошида бошанд. Бояд дасту пои [беморро] сахт баста, бифармоянд то ба шакле бихобад, ки чизи андар фарҷ ниҳодаро нигоҳ доштан битавонад. Бояд бемор тадбири хунравиро бубинад ва розӣ бошад, ки бавосир ба иллати ҷорӣ шудани хуни муътадил дард намекунад ва ба сабаби пешгирӣ кардани ту аз хунравии беандоза қувваташ наафтида аст. Яке аз тариқаи нарм сохтани бавосир нишондани зан андар обҳоест, ки андар онҳо доруҳои нармкунандаи аз қабили хитмӣ, бобуна, тухми катон, шанбалит ва шоҳафсарро ҷӯшонида бошанд. [Низ] бар онҳо аз равғанҳо, масалан, равғани зайтун, равғани савсан ва равғани шоҳафсарро бимоланд.
[Илоҷи] мисморҳо: Худованди онро андар ҷӯшонидаи шанбалит, доруҳои нармкунанда ва равған бинишонанд ва фарзаҷаҳоеро ба зер баргиранд, ки аз зуфо, натрун ва ротинаҷ сохта бошанд.
Фасли ёздаҳум андар баёни гӯшти зиёдатӣ, дарозии хурӯсак, зоҳир шудани чизе мисли нара ва чизе, ки онро «қирқус» номанд
Гоҳе ба наздики даҳони заҳдон гӯшти зиёдатӣ бирӯяд ва гоҳе андар зан чизе шабеҳ ба нара падид ояд, ки монеи ҷимоъ бигардад ва гоҳе ин ба ӯ имконият диҳад, ки ӯ бо занони дигар коре шабеҳи ҷимоъро анҷом бидиҳад.
Гоҳе ин ба шакли хурӯсаки «Қирқус» гӯштест, ки андар даҳони заҳдон раста бошад ва он гоҳе дароз шавад ва гоҳе кӯтоҳ. Вай тобистон дароз ва зимистон кӯтоҳ бигардад ва инро гурӯҳе аз пизишкон ба монанди Архиҷонис ва Ҷолинус мушоҳада кардаанд, вале Эмбидоқулуси пизишк ин ҳодисаро инкор кардааст.
Илоҷ: Илоҷи нара ва хурӯсаки бузург буридан аст.
Занро бар пушт хобонда, хурӯсакашро бидоранд ва онро аз умқ аз бех бибуранд, то ки хунравӣ рӯй надиҳад.
Аммо гӯшти дигарро гоҳе бо ёрии доруҳои хӯрандаи гӯшт, ки ин гуна доруҳоро андар боби худашон ба кор баранд, муолаҷа битавон кард, вале гоҳе аз буридан чора набошад ва андар ин ҳол онро ба равиши [буридани] бавосир бибуранд. Қирқусро бошад, гоҳе бо ришта сахт баста, ду-се рӯз бигузоранд ва сипас бибуранд. Гоҳе маслиҳат он бошад, ки вайро ба ҳоли [баста] то гандидан бигузоранд ва сипас бибуранд, то ки хуни камтар биравад.
Фасли дувоздаҳум
андар баёни падид омадани об
андар заҳдон
Гоҳе андар заҳдони занон об ҷамъ шуда, андар он банд бигардад.
Нишонаҳо: (604) Нишонаҳояш ин аст, ки пеш аз он баста шудани ҳайз рӯй диҳад, қароқури шикам, хусусан ҳангоми ҷунбидан ва роҳ рафтан зиёд бигардад, андар фурӯсӯви шикам омоси ковоке падид ояд ва гоҳе чун истисқо бинамояд, рутубати обии чандон бисёре битаровад, ки гоҳе хаёл кунанд ин зан бордор аст ва гоҳе ӯ аз рехтани оби бисёре баякборагӣ осудагӣ ёбад.
Илоҷ: Илоҷаш ин аст, ки агар ба раг задан эҳтиёҷ бошад, раг бизананд, варзиш ба кор баранд ва ӯро андар чизҳои фазлаи обиро ба таври қавӣ тозонанда ва андар чизҳое бинишонанд, ки андар таркиби зимодҳои истисқо бидароянд, то ки онҳо пазиш ба амал оваранд. Сипас, ба онҳо доруҳоеро ҷуфт созанд, ки хуни ҳайзро ба таври қавӣ битозонанд ва ба ӯ доруҳои пешобтозонанда бидиҳанд. Агар ӯро бо ҳуқнаҳои касони ба истисқо гирифтор ҳуқнарезӣ кунанд ва шиёфҳои пешобу хуни ҳайз тозонандаро ба зераш бизананд, боке надорад. Ба зер баргирифтани харбақи сафед аз барои чунин [беморон] судманд аст ва оби бисёре берун хоҳад омад.
Фасли сездаҳум андар баёни дамиши заҳдон ва шинохтани он
Гоҳе мумкин аст сабаби нахустини падид омадани дамиш ва бод андар заҳдон кӯфтагӣ, ё афтидагӣ ва монанди инҳо бошад, ки аз он мизоҷи [заҳдон] заиф бигардад. Гоҳе мумкин аст душвории зодан, сарнагун шудани даҳони заҳдон ва ё ғолиб омадани сардие [сабабгори он бошад], ки даҳони заҳдонро бибандад, андар фазои он, ё андар фароғиҳои лифи он ва ё андар гӯшаҳои он бодҳоро банд бисозад. Оне, ки андар миёни бофтаҳо бимонад, аз ҳама бадтар аст, сипас оне биистад, ки андар гӯшаҳо банд бошад ва баъд аз он [аз ҷиҳати душворӣ] оне бошад, ки андар тиҳигоҳи [заҳдон] банд гардидааст.
Нишонаҳо: Гоҳе қувваи банд гардидани бод андар даҳони заҳдон ва андар лифи он ба андозае фишор оварад, ки дарди азҳам кашидани он то ба зиҳор рафта бирасад ва андар пайғулаҳо густариш ёфта, аз он ҷо ба сӯи ронҳо, ҳиҷоб ва меъда бигузарад. Ин [бодро] садое бошад чун садои дуҳул ва садои истисқои таблӣ. Гоҳе он аз ҷое ба ҷое бигузарад ва онро печиши ноф, дарди дилзананда ва халае ҳамроҳӣ кунанд, ки аз гармибандиҳои қавии гарм ором шаванд ва бо баргаштани сардӣ аз нав падид оянд.
Аз фишор додан бод ба қароқур ояд ва ҳангоми он зиҳор ба берун барояд. Гоҳе ин гуна бод як умр боқӣ бимонад.
Чунин гуфтаанд, ки ҳар гоҳ заҳдон шомили манӣ бигардад, ин бод чунон ҳал шавад, ки гӯӣ буд ё набуд.
Илоҷ: Аз барои ин ошомидани луғозиё ва саҷазаниё бо оби бехҳо ва тухмиҳо судманд аст, вале пеш аз он моддаи ба амал оварандаи онро, масалан, бо ёраи фиқро ва хусусан агар иллат деррав бошад, бо ёраи Аркоғонис аз тан ва аз заҳдон истифроғ кунанд. Равғани калкалонаҷ аз барои он сахт судманд аст. Гоҳе шиёфҳоеро ба зер баргиранд, ки масалан, аз муқл, уд, баласон, донаи он ва бо равғани нордин ва равғани судоб сохта бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор