Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Ё як дирам говшир ва ду донг гунди бедастарро бо шароб [ба бемор] бидиҳанд, ки ин ниҳоят судманд ва ҳайзтозонанда бувад. Аз зимодҳо ва доруҳои барои гармибандӣ онҳоеро ба кор баранд, ки хунро латиф сохта, онро зардавӣ бигардонад. Аз доруҳои ба зер баргирифтании (602) хуб саҷазаниёст, ки ба қадри як бундуқа аз онро бо равғани даҳмаст ва ё равғани савсан ба зер баргиранд. Ё шиёферо ба зер баргиранд, ки аз додӣ бо шароб сохта шудааст. Инчунин: се уқия майъаи равон, як уқиягӣ мурч ва кундур, чаҳор уқия пиҳи мурғобӣ ва чаҳор мисқол тухми газро гирифта, фатила созанд ва ба зер баргиранд.
Низ, аз ҳуқнаҳо ва шиёфҳои сохташуда онҳоеро ба кор баранд, ки гармӣ оваранд, ҳайз тозонанд, хилтҳои ситабрро ба исҳол оваранд ва бодҳоро ҳал кунанд.
Агар сабаби ихтиноқ баста шудани манӣ бошад, бояд беморро шавҳар дод ва то он вақт бояд варзиш ва доруҳои манихушконандаи ба монанди судоб, пудина, тухми панҷангушт ва гувориши зирагиро, масалан, бо ҷӯшонидаи бехҳо ба кор баранд. Бояд доя дасташро равғани савсан, ё равғани нордин ва ё [равғани] даҳмаст молида, андар фарҷи ӯ бидарорад ва даромадгоҳи фарҷ ва заҳдонро бисёр ва нарм хор-хор кунад. Ин бояд баробари лаззат бахшидан дардовар низ бошад ва ҳолате чун ҳоли ҷимоъ ба амал ояд. Аз ин роҳ мумкин аст бемор мании сарде берун андохта, беҳӣ ёбад. Ҳамчунин агар чизҳои занандаи хор-хоркунандаи аз қабили саҷазаниё бо равғани даҳмаст ва ё занҷабил, мурч ва кирмдонаро ба [фарҷаш] ниҳӣ, андар ин бобат таъсири аҷибе кунанд.
Андар ин гуна ҳолат зинҳор раг назан, балки ба ҳангоми ин бахш аз ихтиноқ доруҳои гармиангезро ба кор бибар ва бо дармонҳои беҳушӣ муолаҷа кун. Аз барои он ва аразҳои бади он маъҷуни бо номи «маъҷуни фирӯзибахш»
машҳур манфаати ниҳоят аҷибе дорад ва доруҳои саҷазаниё, масрудитус, доруи мушк ва тарёк низ ҳамчунинанд. Агарчи аз доруи мушк ва масрудитус бими ба ҳаракат омадани манист, вале аз тарафи дигар онҳо бар дил ва табиат қувваи ронандагӣ бахшанд ва ин [андомҳо] он зиёнро бартараф намуда, бар манӣ ғолиб оянд. Коскабинаҷ ва мехак андар ин бобат низ аҷибанд.
Тадбири эшон ба ҳангоми ҳаяҷон: Бояд бар сари чунин [бемор] равғани хушбӯёи қавӣ ва ниҳоят гармиоваре аз қабили равғани нордин ва ё равғани бон бирезанд, зуд ба хор-хори ёдшуда пардохта, хусусан бо чизҳои хоришоварандаю зананда хор-хор оваранд, шиёфҳои ҳайзтозонанда ва доруҳоеро аз қабили ғолия ба зераш бизананд, ки заҳдонро ба фурӯсӯ хоҳанд кашид ва аз равғанҳои хушбӯй, масалан, равғани бон, ёсамин, равғани бобунаи говчашм ва равғани созаҷ ва дигар атрҳои тезеро [ба кор баранд], ки заҳдон ба сӯи онҳо майл кунад ва ба изофаи он дорои хусусияти нармсозандаю ҳайзтозонандагӣ буванд. Ҳамчунин аз зер бахур кардани мушк ва уд ва дуд андохтан бо майсавсани бар санги тофта рехта [судманданд]. Бар [фарҷ] халуқ ва ғолия тило кунанд. Роҳи нафас ва бинияшро бибанд ва пари қайангезиро андар гулӯяш дароварда, қай биангез, зеро бемор аз қай сабукӣ ёбад. Атса биовар, чизҳои бадбӯй бибӯён ва бар бахшҳои фурӯсӯви танаш пайваста миҳҷамаҳои бисёре ниҳода, хун ва

заҳдонро ба фурӯсӯ бикаш. Хусусан бар мезанойҳо, ронҳо ва ё агар заҳдон майл дошта бошад, бар ҷиҳати муқобили ҷиҳати майл [миҳҷамаҳо бинеҳ], то ки онҳо заҳдон ва хунро ба фурӯсӯ бикашанд. Пойҳояшро ба таври қавӣ молиш бидеҳ, сурин, зиҳор, ронҳо ва соқҳояшро пайваста баста бидор ва аз боло то поин бандпеч бикун. Онҳоро, масалан, бо равғани савсани сафед ва доруҳои гарми сурхиоварандае, ки андар таркибашон, масалан, фурбиюн дошта бошанд, чарб соз.Бар мақъади ӯ шиёфҳоеро бизананд, ки бодҳоро ба таҳлил нест кунанд ва бо ҳамин гуна доруҳо меъдаашро низ тило кунанд. Бар сараш сахт фарёд зананд ва ӯро биларзонанд. Ҳар гоҳ ҳамаи ин корҳоро карданд, вале нафасаш боз наояд, ногузир бояд бар сараш равғани ҷӯшон бирехт ва ё бар нармаи сараш доғ ниҳод, ки аз ин чора нест. Гоҳе бо раг задан ба ҳуш ояд. Зинҳор ба чунин беморон шароб надиҳӣ ва об барои эшон аз ҳама созгортар бувад. Зинҳор ба эшон гӯштҳои ситабр ва ғизоҳои гӯштфизову манифизой надеҳ.
Фасли даҳум андар баёни бавосир, «тута», табишҳое, ки андар заҳдон падид оянд ва мисморҳо

Гоҳе андар заҳдон бавосир падид ояд ва гоҳе андар он чизе шабеҳ ба тут ба амал ояд, ки мисли он андар боби закар ёд карда шуд. Гоҳе дигар мумкин аст бар рӯи он табишҳои гуногуне бидаманд, ки бархе аз онҳоро «ҳошо» гӯнд, зеро ба сари [донаи] ҳошо шабоҳат доранд ва баъзан сафед буванд. Гоҳе аз паси кафидагӣ ва ё баъди омосҳои сахт бар заҳдон босурҳое чун озахҳои мисморӣ падид оянд. (603) Аз босурҳое, ки андар зоҳир, яъне беруни заҳдон рӯидаанд, шифо ёфтан мумкин аст, вале бисёр кам тасодуф биафтад, ки аз босурҳои андарун баромада шифо ёфта шавад. Ҳар касеро, ки ҳайзаш баста бошад, аз рӯидани бавосир андар мақъад ва бар рӯи заҳдон суд бинад, зеро аз он умеди кушода шудани ҳайз ва шифо ёфтан аст. Аз сабаби онҳо [бемор] гоҳе аз бемориҳои мушкиле наҷот ёбад, ки ба муҷиби баста шудани ҳайз ба амал оянд. Бавосир ва монанди онро метавон аз тариқи оина ниҳодан бар муқобили фарҷ бар наҳве, ки андар боби кафидагӣ ёд кардем, муояна намуд. Ҳар гоҳ бо оина онро муояна кунанд, берун аз ин ҳол нест, ки ё ба ҳангоми дард, яъне ба ҳангоми баста будани хуни ҳайз, муояна кунанд ва бавосир сурхранги сахтгардида бинамояд ва ё мумкин аст ба ҳангоми оромии дард муояна кунанд ва онҳо пажмурда бинамоянд. Чунин ҳоли онҳо ба ҳангоме бошад, ки чизи чун дурд сиёҳхестае аз онҳо ҷорӣ шуда бошад.
Муолаҷаи бавосир: Ин босурҳо ҳангоми дамида ва таранг будан сахт дард кунанд. Бинобар ин бояд онҳоро нарм кард ва аз барои ҷорӣ шудан омода сохт. Агар ин суд набахшад ва агар босурҳо паҳну васеъ набошанд, андар ин ҳол аз ба кор бурдани афзори оҳанин бар наҳве, ки ба ҳангоми бавосири мақъад ба кор баранд ва бо ёрии колбади маълум чора нест. Ин корро ба ҳангоме кунанд, ки агар бавосир аз беруни заҳдон аст. Ҳар гоҳ онҳоро буриданд, бар маҳалли бурида зог, замч, сабӯсаи кундур ва монанди инҳоро биниҳанд. Ҳар гоҳ ин корро кардан бихоҳанд, занро андар хонаи ҳавояш сард бидароранд ва онҳоро аз ӯ бибуранд ва сипас ба ӯ бифармо янд, то пойҳояшро ду соат бар девор бардошта бидорад ва бар зиҳор, устухони пушт ва миёндуроҳаи ӯ латтапораеро бигузоранд, ки андар обҳои доруҳои қабзкунанда ва бо барф сард карда тар карда бошанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ