Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Гоҳе аз сабаби гандагии бухори гарм ташнагӣ падид ояд.
Ҳар гоҳ хуруҷи он афзоиш ёбад, субот, парешонии ақл ва сурхии рӯй, чашм ва лаб ба амал омада, ҳар ду чашм боз монанд ва гоҳе онҳо пӯшида шуда, боз нагарданд.
Нафас ниҳоят заиф шавад ва сипас андар бештари ҳол бурида гардад. Зани бемор чунин пиндорад, ки чизе аз сӯи зиҳораш бар шуда истодааст. Ба иллати табаҳ шудани мушакҳо ва дигаргун шудани ҳоли онҳо ҷунбонидани дандонҳо, баровардани садои онҳо ва ҳаракатҳои ғайри иродӣ ориз бигарданд. Бемор аз сухан гуфтан боз монад ва чизи гуфташударо ба душворӣ бифаҳмад. Сипас, хусусан аз сабаби ихтиноқи манигӣ беҳушӣ, канда шудани овоз ва аз соқ то ба боло андар хеш кашида шудани [тан] рӯй диҳад, бар тан донаҳои арақи на ҳамагонӣ, балки андаке зоҳир бигардад. Гоҳе ин аз тариқи омадани қаи балғамии холис, сардард, дарди зонуҳо ва пушт, гоҳе аз тариқи ба амал омадани қароқур ва гоҳи дигар аз тариқи берун андохта шудани рутубати заҳдон кушода шавад.
Гоҳе ин боиси омоси шуш, хуноқ ва омосҳои гардану сина бигардад. Набз ба ҳангоми он нахуст дамандаи ташаннуҷовар ва ноҳамвор, сипас хусусан ба наздики афтидани қувват ва фаро расидани марг думодуми бенизом ояд. Пешоб чун обшустаи гӯшт ва ё хунӣ бувад.
Бар ихтиноқи ҳайзӣ баста шудаи ҳайз ва бар ихтиноқи манигӣ бо вуҷуди будани шаҳват дер боз ҷимоъ надидан ва хештандорӣ намудан далолат кунанд. Баъд аз ихтиноқи ҳайзӣ гоҳе ба фаровон омадани шир рӯй диҳад, тан гаронтар ва ҳоссаҳо заифтар шаванд ва дардҳои чашмону гардан, табҳо ва аразҳои ёдшудае, ки аз паси баста шудани хуни ҳайз ба амал оянд, андар ин ҳангом қавитар зуҳур кунанд. Ба изофаи он хилти андар хун ғолиббуда фармонравоии худро нишон бидиҳад. Бадтарини он хилти савдовист, ки он ба анбозии мағз васваса ва ба анбозии дил маниши гаштани қавие ба амал оварад ва ба анбозии ҳар ду андом ва ҳиҷоб нафасгириро бекор созад. (601) [Аразҳои хилти] балғамӣ гаронтару оромтар ва [аразҳои] хилти сафровӣ тезтару беосебтар буванд.
Ихтиноқи манигӣ бошад, зуд ба нафасгирӣ зиён бирасонад ва зиёнаш бузургтар аз зиёни ихтиноқи ҳайзӣ бувад. Аммо дигар аразҳо ба ҳангоми он зуҳур накунанд.
Бисёр бошад, ки аз даст расондани доя ба заҳдони турунҷидаи чунин [зан] хор-хору шаҳват падид ояд ва ӯ мании ситабре аз худ берун андохта, осудагӣ ёбад. Гоҳе ӯ худ ба худ манӣ партофта, аз он роҳат ёбад.
Оид ба фарқи миёни ихтиноқ ва саръ [бояд гуфт], ки ҳарчанд ин ду андар бисёре аз ҳукмҳо ва ба якборагӣ ба амал омадан ба якдигар монанданд, вале ихтиноқ аз саръ бо он фарқ дорад, ки ба ҳангоми он аз сӯи заҳдон ва зиҳор ба барсӯ баромадани чизе ҳис карда шавад ва ақл тамоман бегона нагардад. Агар ҳолати [хуруҷи беморӣ] ниҳоят бад ва гарон набошад, каси аз ҳоли ихтиноқи заҳдон бархоста бештари чизҳои барояш рӯйдодаро ҳикоят кунад. Кафк на чандоне ояд, ки ба ҳангоми саръи мушкили димоғӣ ояд, баръакс, ҳар гоҳ аз даҳон кафк ҷорӣ шавад, беморӣ ҷобаҷо беҳ шавад ва ба ягон тадбири дигаре эҳтиёҷ наафтад. Инчунин, бояд ба он фарқҳое муроҷаат на

муд, ки мо андар боби саръ баён кардем.
Фарқи миёни ихтиноқ ва сакта зоҳиртар аст, чаро ки ба ҳангоми он аксар вақт ҳис тамоман аз кор намонад ва хир-хир ба амал наояд. Фарқи миёни ихтиноқ ва лисарғус ин аст, ки ба ҳангоми [ихтиноқ] таб ва набзи пурраи мавҷӣ ҷой нахоҳад дошт, дард нахуст андар сар падид ояд ва ранг ба ҳар гуна бигардад, вале ба ҳангоми лисарғус устувор ва ба як ҳол бимонад.
Илоҷ: Агар ба ҳангоми он ихтиноқе, ки аз сабаби баста шудани ҳайз падид омадааст, [андар пешоб] сафедии беандоза мушоҳада нашавад ва агар сабаби баста шудани ҳайз бисёрии рутубати часпак набошад, бояд ин гуна [ихтиноқро] бо задани босалиқу софин тадбир намуд ва андар ҳама гуна ҳолат аз истеъмоли дармонҳои хосси ҳайз ва хусусан доруҳои ба зер баргирифтании тези даҳони заҳдонро хоришоваранда чора нест, ки мисоли инҳо кирмдона ва мурч бувад. Аммо уфурбиён бошад, аз барои ин ғараз ниҳоят қавӣ буда, хуни ҳайзро дарҳол бирезонад. Хор-хор кардани даҳони заҳдон ва атрофи фарҷ ба ҳангоми чи баста шудани ҳайз ва чи манӣ аз барои ин [беморӣ] судманд аст, зеро ин майли заҳдонро ба фурӯсӯ ва рост шудан бигардонад ва хунро барои тохтан омода бисозад. [310] Ғолия андар ин ҳангом таъсири аҷибе дорад. Обзанҳои аз доруҳои ҳайзтозонанда иборат ва хусусан он обзане, ки аз кошим, шанбалит, тухми катон, марзангӯш ва бӯмодарон сохта шудааст, судманданд. Обҳои гармчашмаҳо низ аз барои ин суд доранд. Бояд раги босалиқро аз сӯе бизад, ки майли заҳдон бад-он сӯй бувад, вале агар заҳдон ба ҳеҷ сӯй майл надошта, балки ба барсӯ турунҷида бошад, туро ихтиёр аст, ки яке аз он ду ва ё ҳар дуро бизанӣ. Агар ба ҳис рутубатҳои бисёре дарёбӣ, аз барои онҳо доруҳои истифроғоварандаи аз қабили ёраи Руфус ва тиодаритусро ба кор бибар. Ҳар гоҳ раг зада, хунро истифроғ намудӣ, мумкин аст баъд аз ҳафт рӯз ё ба исҳол овардан бо ёраи ҳанзал ва ёраи фиқро, ё ба такрор кардани [рагзанӣ] ва ё ба ошомидани ҳабби шитараҷ ва ҳабби «бадбӯй»
эҳтиёҷ афтад. Сипас баъд аз се рӯз бар пуштмоза ва мароқ ва гоҳе бар ронҳову пайғулаҳо миҳҷама бигузоранд. Тадбири ғизояшро латиф бисоз ва бахшҳои фурӯсӯви танашро аз тариқи молиш додан, гармибандӣ намудан ва чарб кардан гармифизоӣ бикун. Сипас ба ӯ, масалан, гунди бедастар ва ё мурро бо об ва ё оби ангубин, саҷазаниё, даҳмарсо, [маъҷуни] зирагӣ ва коскабинаҷро бо оби анисун ва ё бо оби лӯбиёи сурх бидеҳ. Мехак низ судманд аст.
Яке аз доруҳои ошомидании хуб доруи зерин аст: аз [гувориши] зирагӣ ба миқдори як мозу (афаса) гирифта, онро бо оби судоб ва ё бо оби ҷӯшонидаи панҷангушт [ба бемор] бидиҳанд. Агар қориқунро бо шароб ва гунди бедастар ба ӯ бидиҳанд, аз барои ин иллат ниҳоят хуб бувад ва гоҳе тамоман шифо бахшад. Нохуни дев ва пиёзи унсул низ ҳамчунинанд. Агар сиркои унсулро як қултӣ биошоманд ва ё сикангубини туруши онро [ба кор баранд, низ хуб бувад]. Агар оби шувосароро ба бемор бидиҳанд, шифо бахшад. Инчунин, ду дирам додиро бо набизи қавӣ ба бемор бидиҳанд. Ошомидани равғани беданҷир сахт судманд аст. Низ, фишурдаи барги панҷан гуштро бо шароб ва равған [ба бемор] бидиҳанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ