Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

[Аз инҳо] бо равғани савсан, савсани сафед ва наргис, равғани шибит, равғани бобуна, равғани ҳулба, равғани беданҷир, равғани ҳино ва равғани бобунаи говчашм мумравған созанд. Бояд муми онро аз муми зард бигиранд ва гоҳе андар он зардии хояи мурғ биафзоянд. Агар бихоҳанд, ки аз ин ҳам қавитар бошад, андар он гунди бедастар, сабри самангонӣ,191 панирмояи харгӯш, бехи савсани осмонгун, беност,192 бобунаи говчашм, заъфарон, сақизи набатӣ ва сирешми бодом ҳамроҳ кунанд.
Яке аз марҳамҳои аз барои чунин [беморон] санҷидашуда чунин аст: барги кабарро андар об ба ҳадде тар кунанд, ки нарм шавад ва онро бо панир ва оби ангубин совида, аз онҳо марҳам бисозанд. Ё шукуфаи токро бо панир ва оби ангубин ба кор баранд. Ба наздики ман барг ва шукуфаи каранб аз барои ин [омос] созгор буванд. Ҳамчунин: ба зер баргирифтани шухи гӯш, чунонки гуфтаанд, судманд аст. Бояд бемор андар обҳое нишинад, ки андар онҳо қуввати доруҳои нармкунанда ҷой дошта бошад.
[Бар маҳалли беморӣ] барги тозаи хитмиро бо сирешми бодом ва пиҳи ғоз кӯфта зимод кунанд ва зимодҳоеро [ба кор баранд], ки аз марзангӯш, шоҳафсар, шанбалит, бобуна ва хитмӣ сохта шуда бошанд.
Аммо саратонро бояд бо марҳамҳои оромкунанда, бо тариафзоии тан, бо пайваста хун гирифтан аз босалиқ ва сипас гоҳ-гоҳе аз софин ва бо исҳол овардани [309] савдо муолаҷа кунанд. Марҳами паямбаронро андар ин бобат хосияти аҷибест ва он дардро ором кунад. Агар дард шиддат ёбад, оҳанги он намуда, андар ором сохтани дард доруҳои гарму сардро якҷоя бисанҷ, то хусусан аз барои омоси решшуда бар созгортари онҳо эътимод карда шавад. Доруҳои гарми оромкунандаи дард ҷӯшонидаи шанбалит ва ғайра ва инчунин мумравғанест, ки ба таври зерин созанд: равғани зайтунро андар ҷогаҳи мисин нигоҳ доранд, то як миқдор зангори онро ба худ бигирад, сипас дурди онро гирифта, бо муми зард мумравған созанд ва аз берун тило кунанд. Доруҳои сард зимодҳоеанд, ки аз хашхош, кашниз, ангури сагак, равғани гул, сафедии хояи мурғ ва аз судаи ду пора сурби андар оби кашниз бо ҳам совида сохта шудаанд. Низ, ҷӯшонидаи наскро ба тариқи ҳуқна ба кор баранд. Инчунин, шири хар ва фишурдаи «забони барра» якҷоя ва ё ҷудо-ҷудо ҳамин гунаанд. Ҳар гоҳ аз сабаби омоси решшуда хунравӣ ба амал ояд, марҳамҳои хунравиро ба кор бибар.
Фасли нуҳум андар баёни ихтиноқи заҳдон

Ин иллатест шабеҳ ба саръ ва беҳушӣ, ки саргаҳаш аз
заҳдон буда, ба миёнҷии ҳиҷоб, «тӯр» ва рагҳои ҷаҳандаю
ором боиси анбозии қавии дил ва мағз бигардад. Бархе
аз донишмандони пизишк гуфтааст, ки ӯ сабаби ихтиноқро намедонад, лекин агар сабаби он дониста шавад,
чунин ҳол бошад, ки ҳайз ва ё мании духтарони ҷавон,
нав ба балоғат расидагон, дӯшизагон ва занони бева баста бигардад ва он чи аз инҳо баста шуд, аксар вақт, хусусан агар андар асл сард воқеъ шуда бошад, ба сардӣ
бигарояд ва рӯиҳам шудану афсурда гаштан сардии
онро афзоиш бидиҳад ва ё ба гармию гандидан бигарояд, ки ин кам рӯй бидиҳад. Аз ранги ҳар кадом бидо

нанд, ки ба сӯи кадом мизоҷ моил аст. Ҳар гоҳ яке аз ин ду чиз ва хусусан ҳайз рӯиҳам ҷамъ шуда, ба фасоди ёдшуда гирифтор шавад ва ба табиати заҳрӣ бигарояд, ду намуд бемориро ба амал оварад:

  1. Яке аз ин ду бемории афзорӣ буда, нахуст ба заҳдон бирасад ва (600) заҳдон ба ҳасби чигунагии тақозои моддаи андар рагҳо бандшуда ё ба барсӯ ва ё ба сӯи рост, чап, пеш ва пас кашидаву турунҷида шашвад. [Моддаи бандшуда] роҳи гузар наёбад, балки рагҳоро фарох карда, аз ин ҷиҳат онҳоро турунҷида кунад ва дард оварад.
    Гоҳе он андар гавҳари заҳдон паҳн шуда, онро нахуст ситабр, сипас фишурда созад ва ё мумкин аст андар он паҳн нагардад, вале онро биомосонад ва сипас фишурда созад. Агар аз болои он хуни ҳайзи дигаре ояд, бадӣ фузунтар бигардад, зеро он роҳи баромад наёфта, беш аз зиёни якум ба андомҳои сарвар зиён бирасонад. Гоҳе мумкин аст ба сабаби ягон омосе ва ё бадмизоҷии хушксозандае турунҷидан пештар рӯй диҳад ва бинобар ин нахуст баста шудани даҳони заҳдон ва даҳонаҳои рагҳо ба амал ояд ва сипас банд шудани [ҳайз] ва инчунин ба дигар сӯ майл кардани он ориз бигардад.
  2. Дуввум бемории моддӣ буда, ба он бухори бади заҳрноке вобастагӣ дорад, ки моддаи бандгардида ба сӯи ду андоми сарвар бифиристад ва бинобар он чизе чун саръ ва беҳушӣ рӯй диҳад. Аз баҳри он ки ин иллат аз беҳушии сода қавитар буда, беҳушӣ ҳамчун пешии заифтар бар қавитар пеш аз он ояд.
    [Ихтиноқи] ҳайзӣ беосебтар аз ихтиноқи манигист, чунки манӣ ва хусусан мании занон ҳарчанд аз хун зода шавад, вале пеш аз дигаргун шудан беш аз хун қобили дигаргунии бад аст, чунонки шири аз хун зодашуда беш аз хун қобили дигаргунӣ бувад. Гоҳе ин иллатро даврҳо бошад ва он бисёр вақт андар хазон ориз бигардад. Гоҳе мумкин аст давраҳои он дер-дер ва гоҳе ҳар рӯз ба амал оянд. Думодумии онҳо ҳалоккунанда бувад. Ба ҳангоми бача ниҳодан чизе бад-ин монанд рӯй надиҳад. Ихтиноқ аз ҳаракати сахт иборат аст, аз баҳри он ки [ба ҳангоми он] ҳаракати заҳдон аз ҳама гӯшаҳо яксон ба амал ояд, вале бача ниҳҳодан бошад, ҳаракати тадрҷии на якбора аст ва он майл ба фурӯсӯ дошта феълест, ки аз табиат содир шуда бошад. Ба ҳангоми он фиристонда шудани бухори заҳрнок ба сӯи андомҳои сарвар ҷой надорад.
    Душвортарин ихтиноқи заҳдон онест, ки андар зоҳир нафасгириро бекор кунад, вале бо вуҷуди он як андоза нафасгирӣ ногузир вуҷуд дошта ва ин аз тариқи овехтани пашми аз ҳам бозкарда андар баробари бинӣ маълум бигардад. [Ихтиноқ] инчунин ҳис ва ҳаракатро бекор кунад ва шабеҳ ба марг бувад. Аксар вақт ин ба сабаби манӣ ва [хусусан] ба сабаби мании сард ба амал ояд.
    Баъди ин андар душворӣ ихтиноқе ояд, ки нафасгириро бекор накунад, балки онро хурдтару ноаёнтар бигардонад. Андар дараҷаи севвум ихтиноқе биистад, ки аз ғайри ба ақлу ҳис осебе расонидан ташаннуҷ, азҳамкашидагӣ ва беҳушӣ биоварад.
    Нишонаҳо: Ҳар гоҳ ҳангоми навбати гирифтани ин беморӣ наздик ояд, дамкӯтоҳӣ, душвор нафасгирӣ, хафақон, сардард, ҳадису-н-нафс,193 сустандешӣ, ҳайрат ва ланҷӣ ориз гардида, андар соқҳо заъф ба амал ояд ва ранг зард гардида, ба як ҳол наистад, балки пайваста дигаргун шавад.
пешина
аз 1215
навбатӣ