Қонуни тиб

Ҳамчунин, марҳамеро [ба кор баранд], ки аз хояи мурғ ва шоҳафсари нек пухташуда сохтаанд.
Гоҳе андар он равғани заъфарон ва равғани нордин ҳамроҳ кунанд. Сипас ба пазонидан рӯ оваранд ва яке аз чизҳои пазонандаи омос хурмоест, ки онро бо пист, равғани гул ва равғани ҳино нек ҷӯшонида бошанд ва хусусан андар поёни [беморӣ] ба кор баранд. Низ зимодҳое [хубанд], ки аз зуфо, пиҳи ғоз (598) равғани гов, мағзи устухони гавазн ва монанди инҳо сохта бошанд. Ҳар гоҳ шиддати иллат бигардад, онро бо доруҳои ҳалкунандаи холисе муолаҷа кунанд, ки аз ҷумлаи онҳо сисанбар, марзангӯш, даҳмаст, ротинаҷ ва дигар чизҳои бароят маълум ба шумор бираванд. [Беморро] ғизо бидеҳ, қавӣ соз ва ба зиндадил сохтани ӯ бипардоз. Ҳар гоҳ бар [иллат] зимодҳо биниҳӣ, набояд онро бибандӣ, аз баҳри он ки бастан омосро зиён дорад.
Ба ҳангоми кафгирак бояд ба пазонидани он бипардозанд. Агар он ба даҳони заҳдон наздик бошад, метавон онро ба усули шикофтани [фарҷи] зани фарҷбаста шикофт, вале агар андарун бошад, ҳар қадар ки мумкин аст то худ ба худ пухта шуданаш нигоҳ кунанд ва танҳо ба доруҳои ба оҳистагӣ пешобтозонандае аз қабили шир, тухми харбуза ва бархе аз луобҳо кифоят кунанд. Агар худ ба худ кафад, бигузоранд, ки кафад190 ва агар имконияти нест кардану таҳлил додан бошад, беҳтар хоҳад буд.
Ҳар гоҳ кафгирак бикафад, гоҳе рими он аз сӯи фарҷ берун ояд. Андар ин ҳолат бояд аз барои пок шудан ва ҳал шудани боқимондаи он, масалан, бо марҳами босалиқуни хурд ёварӣ кунанд ва онро бо ёрии обдуздак ба андаруни он бифиристанд. Гоҳе рими он мумкин аст аз сӯи обгаҳ берун ояд. Андар ин ҳол аз барои пок сохтани он на бояд бо доруҳои пешобтозонандаи қавие ёварӣ намуд, зеро онҳо моддаҳои дигареро низ ба сӯи обгаҳ битаровонанд ва ҳар ду гурӯҳ аз барои ба амал овардани решҳои обгаҳ бо ҳам ҳамкорӣ кунанд. Баръакс, андар ин ҳол ба нармтадбирӣ пардохта, танҳо бо доруҳои оҳиста пешобтозонандае аз қабили шир, тухми харбуза ва бархе аз луобҳо кифоят бикун. Гоҳе рим аз тариқи бироз берун ояд.
Гоҳе туро эҳтиёҷ бад-он биафтад, ки онро бо доруҳои андар боби кафгиракҳои заҳдон ва ғайра ёдшуда бикафонӣ ва мисоли онҳо зимодҳоеанд, ки аз анҷир, хардал ва саргини кабӯтар сохта бошанд. Баъд аз он бояд решро бо ёрии масалан, оби ангубин пок созӣ ва ин корро якчанд бор то даме, ки рими ситабр наёбӣ, такрор кун. Ҳар гоҳ ки пок сохтӣ, ба муолаҷа кардан бо илоҷҳои решҳо бипардоз. Ҳар гоҳ ба ҳангоми кафгирак аразҳо бузург бигарданд, аз истеъмоли зимодҳои нармсозандае, ки аз орди ҷав, анҷир, ҳулба, тухми катон ва шоҳафсар сохта шудаанд ва [низ аз истеъмоли] обзанҳои ба ҳамин сифат буда чора нест. Бояд чизҳоеро риоя намуд, ки мо андар боби омосҳои гарм ва кафгиракҳо ва андар бобҳои дигаре аз ғайри бобҳои заҳдон ёд кардем ва чизи андар ин ҷо ба ихтисор овардаро аз он ҷойҳо пурра сохт.
Фасли ҳафтум
андар баёни омоси балғамии заҳдон
Бар омоси балғамии заҳдон ҳамон бахш аз далелҳои ёдшудаи омос далолат кунанд, ки ба гаронӣ ва дамиш алоқамандӣ доранд, вале ба ҳангоми он ягон дарди қобили эътибор ҳис карда нашавад. Андар ин ҳангом гӯшти андомҳои атрофӣ ва зиҳор ҷунбон шавад ва намуди зоҳирии худованди он чун намуди зоҳирии худовандони истисқои гӯштӣ бигардад. Илоҷи ин омос чун илоҷи омосҳои балғамии андомҳои даруние бувад, ки мо андар бобҳои бисёре онҳоро ёд кардаем.
Фасли ҳаштум андар баёни омоси сахти заҳдон
Бар сахт будани он бо ламс сахт дарёфтани он далолат кунад ва андар ин ҳангом ба сахтӣ берун омадани ҳам пешоб ва ҳам бироз ва ё яке аз он ҷой дошта бошад. Аммо дард бошад, ба ҳангоми ин гуна омосҳо, модомки онҳо ҳанӯз ба саратон табдилнаёфта бошанд, кам ориз бигардад. Агар [омос] ба сурати чизи пинҳонӣ ҷой дошта бошад, ба ҳангоми он тан ва хусусан ҳар ду соқ лоғар шуда, заиф бигарданд, пойҳо варам кунанд ва соқҳо борик шаванд. Гоҳе хусусан агар сахтӣ густариш ёфта бошад, тан бузург шуда, ҳолате чун ҳолати истисқо ба амал ояд ва гоҳе аз он истисқои ростинӣ рӯй диҳад. Агар сахтӣ ҳал нашавад, ба сӯи саратон гардидан шитобад. Нишонаи саратон ва саратонгардида будани омоси сахт ин аст, ки агар омос андар ҷои ба ҳис намоён бошад, он ҳамчун омоси сахти шаклан ноҳамворе бинамояд ва аз он чизе чун даволӣ ҷудо шуда бошад, ки аз совидан сахт ба дард ояд, бадранги тирагун ва моил ба сурхие чун сурхии дурд бошад ва гоҳе ба арзизигун ва ба сабзӣ бизанад. Агар омос ба ҳис зоҳир набошад, бад-он гаронӣ ва дарду сихзании даруние далолат кунанд, ки зиҳор, мезанойҳо ва тиҳигоҳу пайғулаҳо андар он анбозӣ дошта бошанд ва дарди он то ба ҳиҷобу сутунмуҳраи пушт рафта бирасад. Бисёр вақт баробари он андар чашмон ва гижгоҳиҳои сар дард ба амал ояд ва андомҳои атрофӣ сард бигарданд. Гоҳе ин гуна [омос] бо арақи бисёр зуҳур кунад ва гоҳе аз паси он таб ба амал омада, нахуст ба нармӣ оғоз ёбад ва сипас баробари шиддат ёфтани дард тез шуда, шиддат ёбад. Аммо ба душворӣ омадани пешоб, чакидани он ва баста шудани бирозу пешоб ва ё яке аз онҳо аз ғайри дигар нишонаҳоеанд (599), ки барои омосҳои сахт ва фалағмунӣ муштарак буванд. Агар омос рим карда бошад, рими ноҳамвори чиркин берун ояд ва аксар вақт чирки он бадранги сиёҳ буда, гоҳе сурх ва ё сабз ва ба нудрат сафед бувад. Аз омос рутубати тези талх ва зардоби оташгуни моил ба сабзӣ ва бадбӯй берун оянд.
Гоҳе ба иллати ҳамроҳи он ҷой доштани хӯра хуни холисе берун ояд, ки аз он гумони ҳайз кунанд. Ҳар бор аз омос ягон чизе битаровад, таб ва дард паст шаванд. Гоҳе ҳамроҳи [омоси сахт] нишонаҳои омоси гарм падид оянд, ки ин гуна [омосро] ҳеҷ илоҷе набошад.
Муолаҷаҳо: Ба ҳангоми омоси сахт бояд бо дору дармон кунанд, танро аз хилтҳои ситабр ва савдовӣ фориғ созанд ва марҳамҳои, масалан, диёхилун, босалиқун ва низ марҳамеро ба кор баранд, ки аз муқл, пиҳи ғоз, мағ зи устухони гавазн ва маскаи гӯсфанд сохта шавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор