Қонуни тиб

Илоҷ: Бояд аз сӯе, ки майл бад-он сӯй аст, раги софин бизананд [ва ин корро ҳангоме кунанд], ки пурӣ дарёбанд ва доя тасдиқ кунад, ки рагҳои он сӯй дамидаю пуранд ва андар он сӯй ситабрӣ ҷой дорад. Агар андар он ҷой фишурдагию турунҷидагӣ, на ситабрӣ ҷой дошта бошад, ҳуқнаҳо, доруҳои ба зер баргирифтанӣ ва чарбҳои нармсозандаро ба кор бибар, гармоба кардан фармой ва ғизоро беҳтар соз. Агар андар ин миён тариҳо мавҷуд бошанд, онҳоро бо доруҳои истифроғкунандаи онҳо берун овар, [ба бемор] равғани беданҷир биошомон ва онро ҳамроҳи доруҳои ба зер баргирифтанӣ низ ба кор бибар. Ҳамчунин бо равғани баласон, савсани сафед ва ғайра миёндуроҳаро чарб кунанд ва бо обдуздак [равғанҳои мазкурро] андар заҳдон бифиристанд. Гоҳе доя метавонад ангушташро мумравған, ё пиҳи мурғобӣ ва ё мокиён молида, ба андарун бидарорад ва заҳдонро рост карда, даҳони ба як сӯ моил будаи онро кашида, ба фарҷ баробар созад.
Фасли шашум андар баЁни омоси гарми заҳдон
Гоҳе заҳдонро омосҳои гарм ориз бигарданд ва сабаби ин ё берунӣ буда, масалан, ба кӯфтагӣ, ё афтидагӣ, ё бисёр ҷимоъ кардан ва ё ба даридане вобаста аст, ки ҳангоми гирифтани бача аз сӯи доя ба амал ояд. Гоҳе мумкин аст ин ба сабаби баста шудани хуни ҳайз, пурӣ ва ё бисёрии сардӣ ва дамиши зичшавандаи ҳалношуданӣ ба амал ояд. Гоҳе дигар ин ба иллати баланд шудани манӣ рӯй диҳад. [Омос] гоҳе андар даҳони заҳдон, гоҳе андар қаъри он ва гоҳи дигар андар бархе аз ҷиҳатҳои паҳлуӣ ва пешу паси он ба амал ояд. Омоси бад онест, ки ҷиҳатҳои бисёрро фаро бигирад. Ин [омосҳо] гоҳе ба кафгирак ва гоҳе ба омоси сахт ва ё саратон табдил ёбанд.
Нишонаҳо: Гоҳе [ҳолати] андомҳои анбозикунанда бадон гувоҳӣ диҳад. [Масалан] меъда анбози [заҳдон] буда, ба дард ояд ва андар ин ҳангом (597) тоса, андӯҳ, маниши гаштан ва ҳукак ба амал оянд, кори аз худ кардани ғизо ва иштиҳо табаҳ шавад ва ё заиф бигардад. Мағз низ бо [заҳдон] анбозӣ карда, бинобар он андар нармаи сар сардард ва андар гардан, буни чашмон ва умқи онҳо дард падид ояд ва ба изофаи он гаронӣ ҳис карда шавад. Дард густариш ёфта, ҳатто ба андомҳои атрофӣ, ангуштҳо, ҳар ду занд, соқҳо ва бандкушоҳо рафта бирасад ва андар онҳо истирхо низ падид ояд. Ҳар ду бари миён, пайғулаҳо ва зиҳор дардманд шаванд. Инҳо ва инчунин мароқ бидаманд. Андар ҳамаи онҳо гаронӣ ҳис карда шавад. Гоҳе бастагии бирозу пешоб ориз гардида, ба ҳадде бирасад, ки ҳатто бод ҳам ба берун баромадан натавонад ва ин ба сабаби фишори омос ба амал омада, андар ҳар ҷое аз маҷро, ки фишор бештар бошад, банд гардидан андар он ҷой шадидтар хоҳад буд. Гоҳе бастагии бироз аз ғайри банд гардидани пешоб ва гоҳе банд гардидани пешоб бидуни бастагии бироз ба амал ояд. Баъзан ба ҳангоми омосҳо набз заиф шуда, хурду думодум бигардад.
Ҳар гоҳ агар омос гарм бошад, ҳамаи ин аразҳо шиддатнок буванд ва баробари онҳо таби фурӯзон бо фарошову сиёҳии забон рӯй диҳад, дарду дилзанӣ шиддат ёбанд ва андомҳои атрофиро арақ зер кунад. Гоҳе ин бои
си бурида шудани овоз, ташаннуҷ ва беҳушӣ бигардад.
Далели аз кадом сӯ будани омос маҳалли дилзанист ва анбозии [андомҳо] низ бар он далолат кунад: яъне бадин гуна ки оё дард ба сӯи ноф бигарояд, ё ба сӯи пушт ва ё ба сӯи камаргоҳ. Он омосе, ки ба даҳони заҳдон наздик аст, беш аз омосе шиддатноку сахт аст, ки андар қаъри он ҷой дошта бошад, чаро ки даҳони заҳдон асабнок бувад. Ин [омос] ба ламс андар ояд, вале ламс кардани оне, ки андар қаър аст, душвор бувад. Омос андар кадом сӯе набошад, заҳдон бар хилофи он сӯй майл кунад ва бар паҳлуи мухолиф хобидан душвор бошад. [Ба ҳангоми омос] ҳаракати бархостану нишастан душвор гардад ва беморро лозим ояд, ки ба ҳангоми роҳ рафтан бичамад. Нишонаи ба кафгирак табдил ёфтани омос ин аст, ки дард ниҳоят афзоиш ёбад, аразҳо шиддат ёбанд, табҳои гуногун омаду шуд кунанд ва омехта бигарданд ва бемор ҳангоми рафтани шикам ва рехтани пешоб осудагӣ ёбад. Нишонаи пурра пухтани омос ин аст, ки таб ва дилзанӣ ором ёбанд ва табларза ба амал ояд. Агар омоси заҳдон ва ё кафгираки он андар даҳони заҳдон ҷой дошта бошанд, онҳоро метавон дид, вале агар амиқ ҷой гирифта бошанд, диданашон номумкин хоҳад буд.
Муолаҷаи омосҳои гарм: Агар далелҳои машҳур ёварӣ кунанд, андар ин гуна ҳол ба истифроғи хун эҳтиёҷ бошад. Раги босалиқ задан ҳарчанд судманд аст, вале ҳайзро бибандад ва хунро ба барсӯ бикашад. Раги софин задан аз ҷиҳати анбозӣ қавитар буда, хунро бештар бикашад, аз барои ҳайз тозондан авлотар аст [308] ва хусусан аз барои омосе аз ҳама судмандтар бувад, ки сабаби он баста шудани хуни ҳайз бошад. Дурусттар он аст, ки андар оғоз босалиқ бизананд, то ки таровиши модда манъ шавад, сипас софин бизананд, то ки модда аз маҳалли [дард] кашида шавад ва қусури зиёни аз задани раги босалиқ ба амал омадаро, ки бад-он ишорат шуд, барорад. Бояд раг ба ҳоле бизад, ки пойҳои [зани бемор] бар боло бардошта ва худи ӯ каҷпаҳлу карда бошад ва андар гирифтани хун муболаға намоянд. Бояд ӯро андар рӯзҳои нахуст то се рӯз аз ғизо хӯрдан боз доранд ва ё ғизо ба кашиш бидиҳанд. Обро бошад, хусусан андар рӯзи якум тамоман ошомидан нагузоранд. Ӯро андар хонаи хушбӯӣ зада ҷой диҳанд, ба қадри тавонистанаш ӯро ба ситам хоб рафтан нагузоранд. Қай овардан аз барои ӯ сахт судманд аст ва гоҳе ба истеъмоли доруи исҳоле эҳтиёҷ биафтад, ки хилтҳоро берун орад.
Бояд андар таркиби доруҳои ӯ чизҳое бидароранд, ки фурӯнишонандаи маниши гаштан буванд. Ба ҳангоми зарурат ғизоро бикоҳанд. Ба оғоз ӯро андар оби хуше бинишонанд, ки бо равғани гули хуб омехта бошад ва бо обҳои қабзкунанда дорурезӣ кунанд. Сипас, ба доруҳои қабзкунанда чандон таваҷҷуҳ накунанд, то омос аз онҳо сахт нагардад. Яке аз доруҳое, ки андар ин ҳангом ба кор бурдани он созгор аст, хашхошест, ки онро аз тариқи ҷӯшонидан нарм гардонида бошанд. Онро бо равғани зайтуни норасид, ё равғани гул ва ё равғани себ зимод кунанд. Сипас ба истеъмоли доруҳои нармкунанда шитофта, шаробу равғани гулро нимгарм бар [захдон] бирезанд, пашминаи андар обҳое таркардаро ба зер баргиранд, ки андар онҳо, масалан, хитмӣ, тухми катон, хо ри хасак ва испанди бисёрро якҷоя бо бархе аз чизҳои қабзкунандаи аз қабили «забони барра» ва хурфабуда ҷӯшонида бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор