Қонуни тиб

Ҳар гоҳ бо милҳову сардукҳо пардаро бикашанд, бояд тавре кашид, ки заҳдон, гардани обгаҳ ва пардаи онро озоре нарасад. Ин гуна озор якум аз тариқи кашидан ва дуввум аз он ҷиҳат ба ин андомҳо бирасад, ки ҳангоми ба пеш кашида овардани онҳо эҳтимоли расидани тезии оҳан бад-онҳо ҷой дорад. Оина ба ту бинамояд, ки аз инҳо чиро гузоштаӣ ва нишон диҳад, ки кадом аз ин андомҳои ҳамҷавори [фарҷ] аз қабили обгаҳ ва ғайра ёри пардаи фарҷбаста бувад. Агар ба ифрот кашида бошӣ, чизи кашидаро сар бидеҳ, то он бахш аз кашидагие, ки мавриди эҳтиёҷ нест, пас равад. Сипас, пардаи фарҷбастаро дубора ба нармӣ бикаш ва баъд онро ба вуреб чок кун, то ба обгаҳ нарасад. Сипас, ба бахши аввалии чок кардаат бинигар: агар хун оҳиста берун ояд, коратро бепарво давом бидеҳ, вале агар хун ба миқдори зиёд битаровад, андак-андак ва оҳиста-оҳиста чок кун, то ки беҳушию хурдии нафас рӯй надиҳад. Гоҳе чунин зарурат пеш ояд, ки афзори шикофандаи бо номи «колбад» маъруфро андар пашмина печида ва бо латтапорае баста то рӯзи дигар андар фарҷ нигоҳ доранд. Чун фардо ояд, андар қуввати [бемор] бингаранд: агар қавӣ бошад, муолаҷаро ба анҷом бирасонанд, агар қавӣ набошад, то рӯзи севвум мавқуф бигузоранд. Он гоҳ афзорро берун кашида, ҳоли чокро бо ангушт муояна бикун ва ангуштро аз зери маҳалли чок бидарор, то туро маълум бигардад, ки боз чи миқдор чок кардани дигар мавриди ниёзмандист. Ҳар гоҳ занро аз васоили муолаҷа раҳо кардӣ, ӯро андар обе бинишон, ки андар он доруҳои нармкунанда ҷӯшонида бошанд ва хусусан агар варам падид омада бошад, он обро гарм бикун. Аз ҳама хубаш аз тариқи колбаде бар чок марҳамҳо биниҳанд, ки онро фароҳам омадан нагузорад ва колбади аз ҳама хуб дарунтиҳии дорои сӯрохҳост, то аз тариқи ин [сӯрохҳо] фазлаҳо ва бодҳо берун оянд. Агар буранда ба гӯшти табиӣ осебе расонида бошад, ин мумкин аст боиси таровиши муолаҷанашавандаи пешоб бигардад.
Фасли севвум андар баёни баста будани заҳдон
Ин гоҳе ба иллати бастагии [фарҷ] ва гоҳе ба сабаби омосҳои гарм ва сахт ориз бигардад ва илоҷаш айни илоҷи бастагии фарҷ бувад.
[307] Фасли чаҳорум андар баёни баромадан, афтидан ва сарнагун шудани заҲдон, ки он «афал» бувад
Гоҳе ба сабабҳои берунае аз қабили афтидан, ё сахт давидан, ё баланд дод гуфтани худованди он, ё сахт атса задан, ё такону фарёди азиме, ки зан шунида, сахт битарсад ва ё кӯфт хӯрдане, ки бандакҳои заҳдонро суст кунад, гоҳе ба сабаби душвории зодан, ё гаронии бача, ё бача ва ё машимаро ба сахтӣ кашидани доя ва ё ба якборагӣ берун омадани бача ва гоҳе ба сабаби тариҳое, ки бандакҳоро суст кунад ва ё ба сабаби гандагиҳое, ки бандакҳоро рӯй дода бошанд, заҳдон берун ояд. Вай баъзан тамоман берун ояд, ё сарнагун шавад ва ё аслан биафтад.
Аразҳо ва нишонаҳои он: Аз сабаби он андар зиҳор, меъда, камар ва пушти зан дарди азиме падид ояд. Гоҳе ба изофаи он табҳо ба амал оянд. Бисёр вақт ӯро ба ил
лати бар маҷрои бирозу пешоб фишор овардани заҳдон бастагии бирозу пешоб ориз гардад, кузоз ва раъша рӯй диҳанд, [бемор] бесабаб битарсад ва хусусан агар заҳдон пурра сарнагун шуда, дарунаш берун шуда бошад, андар зиҳор чизи гирдашакле ҳис кунад ва ба наздики фарҷ чизи фурудояндаеро дарёбад, ки эҳсоси нармӣ бидиҳад. Агар (596) сӯрохӣ дарёфта нашавад, аз он маълум бигардад, ки буни заҳдон сарнагун шуда, берун омада аст, вале агар сӯрохӣ дарёфта шавад, пас, заҳдон, чунонки ҳаст бидуни сарнагунӣ берун омада ва танҳо гардани он афтида аст.
Илоҷ: Аз муолаҷаи нав падидомадаи он андар занони барно умеде ҳаст. Нахуст бо ёрии ҳуқнаҳо ба нарм кардани табиат ва бо ёрии доруҳои пешобтозонанда ба пешоб тозондан бипардозанд. Чун аз ин кор фориғ шудӣ, занро бар пушт хобонида, ҳар ду соқашро аз ҳам дур кун ва порае аз тивити нармро гирифта бар заҳдон бинеҳ. Сипас пораи дигаре аз онро гирифта, бо фишурдаи ақоқиё ва ё шаробе, ки андар он ягон чизи қабзкунанда гудохта бошанд, тар бикун ва бар заҳдон бинеҳ ва онро оҳиста-оҳиста ба андарун ронда, пашминаро пурра ба дарун бидарор. Баъд, пашминаи дигареро гирифта, бо сирко ва об тар кун, бар фарҷ бинеҳ ва занро бифармой, ки ба такаллуф бар паҳлу бигардад ва соқҳояшро ҷамъ сохта, пашминаи андар [заҳдон] бударо бидорад, то он наафтад. Бар фурӯсӯви ноф ва бар устухони пушташ миҳҷамаҳо бинеҳ ва хушбӯиҳои ниҳоят хуб бибӯён, то ба сабаби онҳо заҳдон ба барсӯ барояд. Зинҳор ба ӯ ягон чизи бадбӯйро наздик наор, ки аз он заҳдон ба фурӯсӯ хоҳад гурехт. Чун рӯзи севвум фаро бирасад, пашминаро иваз бикун ва ба ҷои он пашминаи андар шароби нимгарм тар кардаро бинеҳ, ки андар он шароб мӯрд, гул, ақоқиё, пӯсти анор ва ғайраро ҷӯшонида бошанд. Аз ҳамин [шароб] бар ноф ва зиҳораш бирез ва доруҳои часпониданиеро ба кор бар, ки аз пист, ё аз обсабз ва ё аз наск ва бо чизҳои қабзкунанда сохта шудаанд. Ингуна тадбир гоҳе ба ӯ шифо хоҳад бахшид. Баъди он ӯро андар ҷӯшонидаи гӯргиё, мӯрд ва гул бинишон. Бояд ӯро аз чизҳои шӯр, атсаовар ва сурфаовар дур бидорӣ ва ӯро осоишу роҳат бидиҳӣ.
Фасли панҷум
андар баёни ба як сӯ майл кардани
заҳдон ва каҷмокаҷии он
Гоҳе заҳдонро чунин ҳол рӯй диҳад, ки ӯ ба
яке аз ду нима майл кунад ва даҳони он аз баробарии он
маҳалле яксӯ шавад, ки аз он ҷой бад-он манӣ ҷаҳида бидарояд. Гоҳе мумкин аст сабаби он сахтии яке аз ду
нима, ё зичӣ ва фишурдагии он бувад ва бинобар он ҳар
ду сӯ аз ҷиҳати тарӣ, сустӣ, хушкӣ ва ташаннуҷ аз ҳам
фарқ кунанд. Гоҳе мумкин аст сабаби он пурии рагҳои
хосси яке аз ду нима бувад. Ё мумкин аст сабаби он андар як нима ҷой доштани хилтҳои ситабри часпаке бошад, ки он нимаро гаронӣ оваранд ва он нимаи дигарро
ба сӯи хеш бикашад. Бисёр вақт аз сабаби он ихтиноқи
заҳдон рӯй диҳад. Доягон аз тариқи ламс кардан бо ангушт ба кадом сӯ будани майлро бишиносанд ва эшон
аз тариқи азҳамкашидагии рагҳо, сахтии онҳо ба осонӣ
бидонанд, ки оё он аз сабаби сахтӣ ба амал омада аст ва ё аз сабаби пурии рагҳо.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор