Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бо гармдоруҳо гармибандӣ кардан ҳайзро битозонад. Бархе аз онҳо бахурҳо мебошанд, ки масалан, як худи ҳанзал ба танҳоӣ дарҳол ҳайзро битозонад. Говшир, ангужад, сакбина ва қардамоно низ ҳамчунинанд.

Аз ҷумлаи онҳо обзанҳои аз обҳое гирифташуда мебошанд, ки андар онҳо доруҳои латифиоваранда ва ҳайзтозонандаи аз қабили пудина, судоб, мушктаромашир ва ғайра бударо ҷӯшонида бошанд.

Мақолаи чаҳорум
АНДАР БАЁНИ ОФАТҲОИ НИҲОДИИ ЗАҲДОН,
ОМОСҲОИ ОН ВА ДИГАР ЧИЗҲОИ БАД-ОНҲО МОНАНД
Фасли нахустин
андар баёни зани фарҷаш баста

Ин касест, ки ё бар даҳони фарҷаш ягон чизе аз қабили фузунии мушакӣ ва ё пардагӣ истодааст ва монеъи ҷимоъ бувад ва ё андар он ҷой ягон гӯштгирифтагие ҷой дошта, аз сабаби решҳо ва ё аз бози офариниш падид омадааст. Ё мумкин аст андар миёни даҳони фарҷ ва даҳони заҳдон бар айни яке аз ҳамин ҷиҳатҳо [монеае] ҷой дошта бошад. Ё мумкин аст андар даҳони заҳдонаш ягон парда, ё гӯштгирифтагии реш ва ё ба ҳаминҳо монанд ягон чизе истода аст, ки монеи обистан ва берун омадани ҳайз бигардад. Ё мумкин аст аз бози офариниш бе сӯрох буда, дӯшизаро андар оғози ҳайз чунин рӯй диҳад, ки хуни ҳайз ба яке аз ин сабабҳо роҳи баромадан наёбад ва бинобар ин ӯ ба дардҳои сахту балои азим гирифтор шавад. Агар барои ӯ ягон ҳилаеро ба кор набаранд, хун пас гашта, ранги чунин зан сиёҳ бигардад ва ба ихтиноқи [заҳдон] гирифтор шуда, бимирад. Гоҳе чунин иттифоқ биафтад, ки зани фарҷаш баста обистан шавад ва агар андар ин ҳол ягон чорае наандешанд, ӯ ва ҷанин ҳар ду ногузир бимиранд. Ин ба яке аз тариқаҳои зерин рӯй диҳад: ё он чи аз бастагӣ, ки андар баробари даҳони заҳдон истода аст, камторупуд ва ё дорои сӯрохҳои бузург буда, аз тариқи онҳо заҳдон як миқдор маниро кашидан битавонад ва он ҳарчанд ки каҷ бошад ҳам, вале аз он бача таваллуд шавад. Ё мумкин аст қисман раъйи файласуф ва қисман раъйи Ҷолинуси пизишк рост буда, чизи ба ҳангоми офариниши андомҳо мавриди ниёзмандӣ, ба ҳасби гуфтаи файласуф мании модина бошад ва ин чизе бошад, ки ба гуфтаи Ҷолинус аз даруни заҳдон андар заҳдон бирезад ва сипас ба гуфтаи файласуф189 аз мании мард қувват ва бӯй гирифта шавад, зеро ба ақидаи ӯ ҳар гоҳ бар тухми бодии [мокиён хурӯс] бипарад, он [тухм] аз мании нарина бод гирифта, тухми зоё бигардад.
Илоҷ: Каси фарҷаш бастаро танҳо бо ёрии оҳан муолаҷа кунанд. Агар бастагӣ намудор бошад, роҳаш ин аст, ки ба канда, ҷудо кардани лаби фарҷ аз бастагӣ пардохта, бар ҳар як лаби он як рифодагӣ биниҳанд ва ҳар ду нарангуштро бо порае пӯшида, аз ҳар ду лаби фарҷ бигиранд ва то аз ҳам ҷудо шудан бикашанд. Ё аз нештари ноаён истифода бурда, пардаро чок кунанд ва агар андар зери он гӯшти зиёдатӣ бошад, онро кам-кам бибуранд, то аз он ҳеҷ боқӣ намонад, вале аз гӯшти аслӣ чизе нагиранд.
Ин корро бо ёрии колбад ба ҷой оранд. Фарқи миёни парда ва гӯшт он бошад, ки аз парда хун наояд, вале аз гӯшт хун ояд. Сипас андар миёни ҳар ду лаб пашминаеро ан

дар равғани зайтун ва хамр тар карда, то се рӯз биниҳанд.
Агар эҳтиёҷ афтад, аз болои он оби ангубинро ба кор баранд. [Инчунин] бар вай марҳамҳои бо равғани зайтун сохташуда биниҳанд ва баробари он хусусан агар чизи бурида гӯшт бошад, аз дубора гӯшт гирифтану часпидан ва танг шудан эҳтиёт кунанд. Аммо пардаро бошад, кам рӯй диҳад, ки баъд аз пора кардан дубора фароҳам ояд.
Агар бастагии фарҷ амиқ ҷой гирифта бошад, роҳи [муолаҷааш] ин аст, ки сардукро бад-он ҷой расонида, агар парда бошад, онро бо як чок кардани начандон рост чок кунанд, зеро [ба ҳангоми рост задан] мумкин аст сардук ба обгаҳ ва ғайри он бирасад. Баръакс, бояд онро нисбат ба макони обгаҳ вуреб бизананд. Агар бастагӣ гӯшт бошад, онро кам-кам бибуранд ва бар буридагӣ пайваста пашминаи андар шароби қабзкунандаи тунд оғушта биниҳанд. Сипас баъди ин кор [беморро] андар обҳое нишонанд, ки андар онҳо доруҳои ковоккунанда ҷӯшонида бошанд. Сипас бо марҳамҳои решбеҳкунанда, чи аз тариқи тило кардан ва чи бо обдуздак фиристодан муолаҷа кунанд. Баъд аз он доруҳои ҷароҳатбандандаро ба кор баранд. Баробари зоҳир шудани беҳӣ, бояд бо ӯ ба такрор ҷимоъ намуд. Ба ҳангоми чок кардан ва буридан аз ду чиз бояд эҳтиёт шуд: (595) яке кӯтоҳии нештар задан ва на ба андозаи фузунии [часпида] буридан буда, аз он имконияти ба ҳангоми ҷимоъ бор гирифтан падид ояд, вале зоиш душвор бигардад ва ҷанину зани обистан андар маърази ҳалок қарор бигиранд; дигар бояд аз он эҳтиёт шуд, ки чок аз андозаи фузунӣ таҷовуз накунад, вагарна ба бархе аз гавҳари заҳдон осеб расида, аз он заҳдон биомосад, дард кунад ва ин боиси падид омадани кузоз, ташаннуҷ ва бемориҳои ҳалокатовар бигардад.
Ҳар гоҳ ки чунин корҳоро анҷом додӣ, [беморро] ҳатман аз сардӣ дур бидор ва зинҳор на бояд ба ӯ ягон доруи билфеъл сард дода шавад, баръакс, боистӣ ҳамаи доруҳои чакониданӣ, бо обдуздак фиристониданӣ ва ба зер баргирифтанӣ аз сардӣ холӣ бошанд.
Фасли дуввум андар баёни чигунагии иҷрои ин гуна чок ва буриш

Аз барои ин зан андар баробари рӯшноӣ курсие ниҳода, ӯро бар вай нишонанд ва каме бояд ба пас такя кунад. Ҳар гоҳ рост нишаст, соқҳояшро бо ронаш часпонида, аз ҳам дур кунанд ва ҳамаи онҳоро якҷоя бар шикам бирасонанд. Дастҳояшро аз зери зону гузаронда, бадин ҳайъат ӯро мустаҳкам бибанданд. Сипас, пизишк ба
чок кардани парда ва буридани гӯшт бипардозад. Гоҳе
хусусан ба ҳангоми андарун будани бастагӣ пизишкро ба оина эҳтиёҷ биафтад.

пешина
аз 1215
навбатӣ