Қонуни тиб

Хун барои берун омадан бар заҳдон бизанад ва чун баромадгоҳ наёфт, пас бигардад.
Ҳар гоҳ ин ҳолат якчанд бор такрор ёбад, ин [хун] андар тан густариш ёфта, бемориҳои гуногунеро ба мерос бигузорад.
Фасли чаҳордаҳум андар баёни аразҳои баста шудани ҳайз
Гоҳе касони ҳайзашон басташударо бемориҳое ориз бигарданд, ки яке аз онҳо ихтиноқи заҳдон буда, ба иллати фишурдашавӣ ва ба як сӯй майл кардани заҳдон ба амал ояд. Эшонро инчунин омосҳои гарм ва сахти заҳдон, омосҳои андомҳои дарунӣ, аз сабаби нотавонии гувориш, афтодагии иштиҳо ва фасоди он бемориҳои меъда, маниши гаштан, ташнагии сахт ва сӯзиши меъда рӯй диҳанд. Аз сабаби он бемориҳои сар ва асаб аз қабили саръ ва фалаҷ, бемориҳои сина аз қабили сурфа ва баднафасӣ ва бисёре аз бемориҳои ҷигар аз қабили истисқо ва ғайра ориз бигарданд ва баробари он намуди зоҳирӣ аз ҳоли хеш бигардад. Инчунин, эшонро душвории пешоб ва манъ шудани он, дардҳои камар ва гардан рӯй дода, тангаронӣ, лоғарӣ ва тоса ба амал оянд ва ба фарошо ва табҳои сӯзон гирифтор шаванд. Гоҳе ба сабаби хушкидани мушакҳои забон аз бухори гарм сухан гуфтан душвор бигардад ва гоҳе ин гаронӣ аз сабаби дарди сар ба амал ояд. (593) Ин гуна [занро] ба иллати дардҳои аз гандидагию бухорҳои гарм бархоста бетоқатию тоса рӯй диҳад ва гоҳе тамоми тан ва инчунин шиками ӯ ба сабаби бад-он сӯй кашида шудани бахши зардобии хун варам кунад. Гоҳе агар чунин [зан] қависиришт буда, қувваташ фазлаҳои бандгардидаро ба кор бурдан тавонад, ба ҳангоми баста шудани ҳайз андар мизоҷи ӯ чунин ҳол падид ояд, ки ба мардон монанд бигардад, мӯйҳояш афзоиш ёбанд, ӯро чизе чун риш бирӯяд, овозаш дурушту ситабр шавад ва сипас бимирад. Гоҳе ӯ пеш аз марг ба ҳоле гирифтор шавад, ки ба ҳангоми он тозондани ҳайзи ӯ номумкин бувад. Бештари ин гуна занон ононеанд, ки бисёр бача биниҳанд ва чун бо эшон ҷимоъ накунанд ва шавҳарҳояшон нопайдо буда, хуни ҳайзашон баста бигардад, хислати фурӯтание, ки ба муҷиби истифроғи хун ҷой дорад, аз эшон биравад ва [имконияти] обистану ҷимоъ баста гардад. Эшонро пешоби сиёҳ ва дорои шинҳои зардобие ориз бигардад, ки мисли обшустаи гӯшт бувад ва гоҳе хун пешоб кунанд.
Нишонаҳо: Он чи, ки ба сардӣ алоқаманд аст, нишонаҳояш инҳост: гаронии хоб; хӯрок кашидан андар хоб; сафедии ранги ҷасад; кабудии рагҳои варидӣ; ноҳамвории набз; сардии арақ; фаровонии пешоб; ва балғамнокии бироз. Бад-он бастагие, ки ба гармӣ алоқаманд аст, афрӯхтагӣ, хушкии заҳдон ва дигар нишонаҳои гармӣ, ки аз гуфтаҳои пеш гузашта маълуманд, гувоҳӣ диҳанд. Бад-он [намуд аз бастагии ҳайз], ки ба хушкӣ алоқамандӣ дорад, он нишонаҳои хушкие далолат кунанд, ки андар бобҳои гузашта маълум карда шудаанд ва ин далолатро лоғарии тан ва тиҳигии рагҳо қувват диҳанд. Аммо нишонаҳои омос, бастагии [фарҷ] ва дигар сабабҳо бошанд, аз он
чизҳое маълуманд, ки то ин вақт донистӣ.
Муолаҷаҳо: Он чи, ки ба гармсозию сардиоварӣ, афзудани хун, тар сохтани тан, муолаҷаи омосҳо, муолаҷаи бастагии [фарҷ] ва монанди инҳо тааллуқ дорад, аз аслҳои такрорёфта пайдост. Ҳангоми баста шудане, ки ба бастагии муолаҷанашавандаи фарҷ ва ба баста шудани даҳони рагҳо аз сабаби гӯшт гирифтани решҳо ва дигар чизҳо вобастагӣ дорад, қариб умеди беҳӣ нест ва илоҷи чунин беморон аз он иборат аст, ки хун бигиранд, то ки хун зиёд нашавад, танро пок кунанд ва варзиш ба кор баранд.
Ҳоло мо бояд дармонҳои ҳайзтозонандаро ёд кунем ва онҳо доруҳоеанд, ки хунро ба сӯи заҳдон равона кунанд, ӯро аз масомҳо гузаронанд ва масомҳоро бикушоянд. Мо ин гуна доруҳоро андар [Китоби] доруҳои сода андар ҷадвалҳои онҳо ва инчунин андар Қарободин ёд кардаем. Аммо андар ин ҷо мо ҳамехоҳем аз миёни тадбирҳо ва дармонҳо он чизҳоеро ёд кунем, ки муносиби ин ҷоянд. Тадбири аз барои ин гуна [беморӣ судманд] ба таври қавӣ ба сӯи ҳайзоӣ рондани хун мебошад ва яке аз баамаловарандагони он задани раги софин ва раги паси пошнаи пой бувад. Задани раги зону ва зери зону таъсири аз он ҳам қавитар дорад. Хиҷомати соқ ва шитоланг хусусан касони фарбеҳро созгортар бувад. Гоҳе эҳтиёҷ бад-он бошад, ки раги софинро аз пои дигар ба такрор бизананд, андомҳои фурӯсӯвинро пайваста бандпеч карда, баста доранд ва онҳоро ба ҳамин гуна ҳол як чанд рӯз бигузоранд. Сипас, агар сабабгор тариҳо бошад, ба кор бурдани доруҳое [судманд аст], ки масомҳоро бикушоянд ва тариҳои часпакро ба исҳол оранд. Баъд аз он доруҳои хосси ҳайзтозонандаро ба кор бибаранд, ки онҳо хунро латиф созанд ва суддаҳоро бикушоянд. Аз ҷумла доруҳои ошомиданӣ, масалан инҳост: пудина, ҷӯшонидаи он бо оби ангубин ва [хокаи] пошидаи он бар оби ангубин; абҳал, ки қавитар аз он аст; мушктаромашир, ки ниҳоят қавист; дорчинӣ; ёраи фиқро; сакбина; говшир ва меваи он; гунди бедастар; қардамоно; ҷӯшонидаи росан; ҷӯшонидаи ушнон; ҷӯшонидаи лӯбиёи сурх; бехи ангудон; уштурғоз; ва тухми марзангӯш. Аз ҷумлаи мисоли доруҳои ба зер баргирифтанӣ инҳост: харбақи сафед; дилаи ҳанзал; лабанӣ; қантуриюн; ширеши зайтуни даштӣ; говшир; гунди бедасатар; ангужад; сакбина; [306] қардамоно; ва фишурдаи афсинтин. Гоҳе уфурбиюнро бар пунбапорае ниҳода, ба зер баргиранд ва соате андак на ба ифрот бад-ин ҳол биистанд.
Як доруи ба зер баргирифтании хуб: Чаҳор дирамӣ мурр ва пудина, ҳашт дирам абҳал, даҳ дирам судоби хушк ва бист дирам мавизи поккардаро гирифта, бо талхаи гов бисириштанд ва аз он фарзаҷаҳо созанд. Низ, гунди бедастар, мурр ва суккро гирифта, (594) бо равғани бон аз онҳо чилғӯзачаҳо бисозанд ва ба зер баргиранд. Агар равғани бобунаи говчашмро ба зер баргиранд, ҳайзро битозонад ва фишурдаи лолаву насрин низ ҳамин гуна бувад. Инчунин: аз ушнони форсӣ, оқирқарҳо, сиёҳдона, судоби тар ва фурбиюн бахшҳои баробар гирифта, бисованд ва бо борзад маъҷун созанд. Сипас онро андар мағзи пашминае, ки андар равғани зайтун оғушта бошанд, ниҳода ба андаруни заҳдон бидароранд. Бархе аз онҳо аз зимодҳо ва доруҳои барои гармибандӣ хос ибо ратанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор