Қонуни тиб

Фасли даҳум
андар баёни камқувват будани заҳдон
Сабаби ин бадмизоҷӣ, камторупудии бофта ва пеш аз ин азоби бемориҳо кашидан бувад. Аз сабаби заъфи заҳдон шаҳвати боҳ бикоҳад, ҳуни ҳайз, манӣ ва дигар тариҳо бисёр битарованд ва зан обистан нашавад. Илоҷи он ин аст, ки бо доруҳои бароят маълум бадмизоҷиро муолаҷа ва ҳар чизи аз офатҳои маъруф падидомадаро дармон кунанд.
Фасли ёздаҳум андар баёни дардҳои заҳдон
Ин аз сабаби бадмизоҷиҳои гуногун ва аз сабаби бодҳои азҳамкашанда ва рутубатҳои андар он падидоянда ба амал омада, ҳатто гоҳе андар он ҳамон ҳолате ориз бигардад, ки аз сабаби қулинҷ андар рӯдагон руй диҳад.
Гоҳе дарди заҳдон аз сабаби омосҳову саратон ва аз сабаби решҳо бархоста, тиҳигоҳҳо, пайғулаҳо, соқҳо, пушт, зиҳор, ҳиҷоб, меъда, сар ва хусусан миёнҷои нармаи он [андар ин дард] бо заҳдон анбозӣ кунанд. Гоҳе баъд аз гузаштани муддате, ки то даҳ моҳ бирасад, дардҳо аз заҳдон ба сӯи ҳар ду сурин гузашта, андар он ҷо қарор бигиранд. Ту чигунагии муолаҷаҳои ҳамаи онҳоро аз гуфтаҳои бароят пеш аз ин оварда ҳамедонӣ ва ба такрор овардани чизи гуфташуда суде надорад.
Фасли дувоздаҳум андар баёни таровиши заҳдон
Гоҳе занонро чунин ориз бигардад, ки аз заҳдонҳояшон тариҳои гандида битарованд ва гоҳе манӣ низ фуруд ояд. Таровиши якум ба бисёрии фазлаҳо ва ба заъфи гуворише вобаста аст, ки ҳангоми гандидани заҳдон андар рагҳои хуни ҳайзфишон чунин [заъф] ба амал ояд.
Аз барои ин як боби ҷудогона оварда шудааст. Гавҳари ин гуна [таровишро] аз тариқи ранги хуни ҳайзи хушконида ва аз тариқи ранги худи он [хун] бишиносанд. Аммо таровиши дуввум ба ҳамон сабабҳое рӯй диҳад, ки таровиши мании мард низ бад-онҳо вобастагӣ дорад.
Агар он бидуни шаҳват ояд, сабабаш заъфи раҳм, мӯриҳои манӣ ва сустии онҳо бувад, вале агар бо як андоза шаҳват, сӯзиш ва хор-хор берун ояд, сабабаш тунукӣ ва тезии манист. Гоҳе ин ба сабаби хориши заҳдон вобаста буда, хорхори он боиси раҳо шудани манӣ бигардад. Худованди таровишро нафас гирифтан душвор шавад, иштиҳои таомаш биафтад, рангаш бигардад ва андар чашмонаш омосу дамидагӣ падид омада, аксар вақт бе дард ва гоҳе дарднок буванд.
Илоҷи таровиш: Таровиши мании эшонро мисли муолаҷаи таровиши мании мардон муолаҷа кунанд. Аммо ба ҳангоми таровишҳои дигар бояд нахуст аз пок сохтани тан аз тариқи раг задану исҳол овардани [305] (592) мавриди эҳтиёҷ оғоз кунанд. Сипас заҳдонро аввал бо доруҳои поксозандаи хушкиоварандае аз қабили ҷӯшонидаи бехи савсани осмонгун ва ҷӯшонидаи ганданои кӯҳӣ ҳуқнарезӣ намуда, соқҳоро бо равғанҳои латифсозандаи дорои доруҳои тезе аз қабили равғани гӯргиёи дорои оқирқарҳо ва мурч молиш диҳанд ва баъд аз он доруҳои қабзкунандаро ба тариқи ҳуқнарезӣ ва ошомидан ба кор
баранд. Доруҳои аз тариқи ҳуқнарезӣ бакорбаранда баъд аз истифроғ таъсирноктар буда, онҳо аз обҳое иборатанд, ки андар онҳо, масалан, мозу, гулнор, пӯсти анор, гӯргиё ва мурдро ҷӯшонида бошанд.
Фасли сездаҳум андар баёни баста шудан ва ё камии хуни ҳайз
Ҳайзи басташуда ё ба сабаби хосси заҳдон ва ё ба ягон сабаби муштарак алоқаманд аст. Оне, ки ба сабаби хос вобастагӣ дорад, ё ба сабаби сириштӣ алоқаманд аст ва ё ба ягон сабабе, ки аз дигар сӯй падид омада бошад. Ҳайз ё ба сабаби андар қувват ҷой дошта, ё ба сабаби андар модда ҷой дошта ва ё ба сабаби танҳо андар афзор буда баста бигардад. Сабаби андар қувват ҷойдошта, масалан, иборат аз заъфест, ки ба иллати ягон бадмизоҷии сард, ё хушк, ё гарми хушк, ё сарди хушк, ё бо модда ва ё бе модда падид ояд. Аммо сабабе, ки андар модда ҷой дорад, иборат аз камият ё кайфият ва ё маҷмӯъи ҳардуст. Сабабе, ки ба камият вобаста аст, камӣ мебошад ва он аз сабаби набудан ва кам будани ғизо ва ё аз сабаби шиддатнокии қувваи бар ғизо ҳукмфармое ба амал ояд, ки ғизо агарчи бисёр бошад ҳам, аз он чизеро аз барои ҳайз ба таври зиёдатӣ боқӣ намонад. Табъи ин гуна занон мисли табъи мардон буда, ба ғоят гуворидан, миқдори заруриро сарф кардан ва фазлаҳоро аз тариқи фазларонии мардон рондан битавонад. Ин гуна занон гандумгун, сермӯй ва сермушак буда, бархе аз эшон боқуввати мардмонанданд, суринҳояшон тангтар аз синаашон набошад ва дасту пойҳояшон бештар фишурдатар бувад. Ё [камии ҳайз] ба бисёрии истифроғҳои бо дору ва варзишҳо ба амал оянда ва хусусан истифроғҳои хуние аз қабили хуни бинӣ, ё бавосир, ё ҷароҳат ва ё ғайри он вобастагӣ дорад. Аммо сабабе, ки ба кайфияти модда алоқаманд аст, бад-ин гуна бувад, ки хун ба иллати сардӣ ва ё ба иллати бисёрии миқдори бо хун омехтаи хилтҳои ситабри балғамӣ, ки бештари он ба осудагӣ вобаста аст ва [инчунин ба иллати] дигар чизҳои ба ҳамин равиш, ки худ ҳамедонӣ, ситабр бигардад.
Сабаби аз ҷиҳати афзор рӯйдиҳанда суддаҳост ва онҳо ё ба гармии хушконандаи қабзкунанда ва ё ба сардии афсурдакунанда вобастагӣ доранд. Бисёр вақт ин бар асари бисёр ошомидани об ба амал омада, боиси бесамарӣ бигардад. [Судда] мумкин аст ё аз сабаби хушкии зичиоваранда, ё бисёрии пиҳ, ё хилтҳои ситабри часпак, ё ба сабаби омосҳо, ё ба сабаби баста будани [фарҷ] ва гӯшти зиёдатӣ, ё ба сабаби решҳое, ки андар заҳдон падид омада, гӯшт гирифта бошанд ва баробари гӯшт гирифтани худ даҳони берунии рагҳоро баста бошанд, ё ба сабаби каҷмокаҷии ба ифроти [заҳдон] ва сарнагун будани он, ё ба сабаби кӯтоҳии гардани заҳдон, ё ба иллати кӯфт хӯрдан ва афтидане, ки даромадгоҳҳои рагҳоро баста бошад ва ё бар асари бача партофтан ба амал ояд. Он баста шудани ҳайзе, ки ба сабаби анбозии дигар андомҳо рӯй диҳад, мисоли он баста шудани ҳайзест, ки ё ба сабаби нотавонии ҷигар ба амал омада, бинобар он ҷигар хун нафиристад ва онро аз [фазлаи обӣ] ҷудо кардан натавонад ва ё ба сабаби суддаҳои ҷигар ва тамоми тан ба амал ояд. Фарбеҳӣ ба иллати аз тариқи музоҳамат танг сохтани гузаргоҳҳо ва лоғарӣ ба иллати аз тариқи хушкӣ танг сохтани онҳо ва камии хун боиси судда бигарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор