Қонуни тиб

Мумкин аст кафидагӣ сахт ситабр бошад ва гоҳе сарфи назар аз фароҳам омадан чун озахҳо бигардад ва ин [озахҳо] ба ҷой монанд.
Нишонаҳои кафидагӣ: Гоҳе метавонӣ кафидагиҳоро бад-ин гуна мушоҳада кард, ки бар муқобили фарҷи зан оина биниҳанд, сипас фарҷашро боз карда, акси онро андар оина мушоҳада кунанд. Яке аз далелҳои он ин аст, ки ба ҳангоми ҷимоъ дард ҳис карда шавад ва закар хунолуд берун ояд.
Илоҷ: Кафидагӣ берун аз ин нест, ки ё андар дарун ҷой дорад ва ё андар гардани заҳдон ва гирду пеши он.
Кафидагии даруниро бо шиёфҳои андарун раванда ва бо фиристондани чакра-чакраи обҳои қабзкунанда муолаҷа кунанд ва ин [обҳоро] бо марҳамҳои ислоҳкунандае аз қабили марҳамҳои аз иқлимиё ва мурдосанг сохташуда ва марҳами кафидагиҳои мақъад биомезанд. Ба ҳасби [тақозои] илоҷи он аз ҳар гуна чизи зананда парҳез кунанд.
Агар ба як андоза пазонандагӣ эҳтиёҷ биафтад, бо онҳо марҳами босалиқунро бо пиҳҳо ҳамроҳ кунанд. Агар баробари кафидагӣ ситабрии зиёде ҷой дошта бошад, ки далели дароз кашидани муддат ва кам пазируфта шудани илоҷ буванд, марҳами аз қиртос сохтаро бо равғани гул ба кор баранд. Агар [бемор] ба ин бардошт кардан натавонад, аз болои он равғани савсан ва сақизи набатӣ бидавонанд. Ҳар гоҳ ситабрӣ паст шуд ва хусусан агар кафидагӣ реш шуда бошад, онро бо илоҷи кафидагиҳои сода дармон кунанд. Гоҳе масалан, ба пӯсти миси нарм совида, ба зог ва мозу ва ё ба маҷмӯъи он эҳтиёҷ биафтад.
Аммо ба ҳангоми кафидагии беруна бошад, гоҳе аз барои зиёни он пайваста ба кор бурдани тӯтиёи шустаи ниҳоят суда бо зардии хояи мурғ кифоят кунад ва марҳами сафеда низ аз барои он [хуб аст].
Фасли ҳаштум андар баёни хориши заҳдон ва фарисмуси занон
Гоҳе ба сабабҳои [зерин] андар заҳдон хориш падид ояд: ба сабаби хилтҳои тези сафровӣ, ё шӯри бурагӣ ва ё хӯрандаи савдовӣ, ки ба ҳасби чӣ гуна зоҳир шудани ҳолатҳои хуни хушконидаи ҳайз шинохта шаванд; ё ба сабаби табишҳое, ки аз ин [хилтҳо] падид оянд; ва ё ба сабаби мании тези сахт гарм. Гоҳе хориш ба андозае ба ифрот бирасад, ки қувватро биафтонад ва гоҳе ин гуна занро чунин ҳолате рӯй диҳад, ки аз ҷимоъ сер нашавад ва ба фарисмуси занона гирифтор шуда, ҳар қадар ки ӯро ҷимоъ кунанд, шаҳваташ боз афзунтар шавад.
Илоҷи хориши заҳдон: Бояд заҳдонро аз тариқи раги акҳал задан пок сохт ва агар лозим ояд, бо задани раги босалиқ онро ҷуфт кунанд. Низ, хилти тезро истифроғ сохта, ҳар як хилтро бо доруи хосси он берун оранд.
Масалан, сафроро бо ҳаббҳои маҳмуда, балғамро бо ҳабби устумахиқун ва савдоро бо ҳабби афитимун ва ҷӯшонидаи он истифроғ кунанд. Тезии маниро ба ҳасби ҳоҷат ва чи гуна дарёфтани мизоҷи [бемор] ё бо доруҳои содаи сардиоваранда ва ё бо доруҳои сӯзонанда бишикананд. Бар даҳони заҳдон, масалан, ақоқиё, ҳибуқи
стидос, гул, сандал, шиёфи момисо, буши дарбаднӣ, сирко ва равғани гул ва ё масалан, фишурдаи хурфа биниҳанд. Гоҳе бо доруҳо тухми катон биомезанд. Обҳоеро бирезанд, ки андар онҳо доруҳои қабзкунанда ҷӯшонида бошанд ва бо дурди онҳо зимод кунанд. Агар ба доруҳои поксозанда эҳтиёҷ биафтад, ангубинро бо оби ниҳоят сард биошоманд.
[Доруи зерин] аз барои хориш санҷидашуда аст: барги пудинаи бӯстонӣ, пӯсти анор ва наски муқашшари бо набиз ҷӯшонидаро гирифта, ба зер баргиранд. Низ: як донг заъфарон ва кофур, ду донг мурдосанг ва ним дирам донаи даҳмастро гирифта, бикӯбанд ва аз ғирбол бигузаронда, бо сафедии хояи мурғ, равғани гул ва миқдоре аз шароб маъҷун созанд ва ба зер баргиранд. Инчунин:
ду дирамӣ ҳалила ва гулнор (591) ва [низ] ҳузаз, навшодир ва шароби188 куҳанро гирифта, бисованд ва аз ғирбол бигузаронанд. Сипас, маҳалли [дардро] равғани гул молида, аз болои он хокаи мазкурро бипошанд. Аз бахурҳо ҳузаз ва мағзи донаи турунҷ [бахур кунанд].
Фасли нуҳум андар баёни бавосири заҳдон
Гоҳе андар заҳдон бавосир ориз бигардад ва гоҳе он аз заҳдон таҷовуз карда, андар андомҳои ҳамҷавори он падид ояд ва ба ҳадде бирасад, ки устухони зиҳорро ҳамроҳи гардани заҳдон табаҳ сохта, бигандонад. Гоҳе ин мумкин аст боиси рехтани мӯи зиҳор шавад ва ё андар [зиҳор] сӯрохҳои хурд ба амал орад. Гоҳе аз сӯи зиҳор оғоз ёфта, ба сӯи мақъад ва мушакҳои он биравад. Андар ин ҳолат бархе аз онҳо аз беруни заҳдон намудор бошад ва бархе андаруни заҳдон. Гоҳе мумкин аст онҳо андар ҳар як сӯи заҳдон ҷой дошта бошанд. Оне, ки андар гардани заҳдон ҷой дорад, имконияти муолаҷа надорад.
Оне, ки то ба охири обгаҳ ва даҳони он ва то ба ҳар як андоми асабнок рафта расидааст, низ ҳамчунин бувад.
Вале оне, ки ба мушакҳои обгаҳ ва дигар бахшҳои он рафта расидааст, муолаҷашаванда бувад, вале ба сахтӣ.
Аз ҳама душвор онест, ки ба ҳадди резонидани мӯйи зиҳор расида ва хусусан андар устухони он сӯрохҳои хурд ба амал оварда бошад.
Нишонаҳо: Инҳо аз муддати дароз гандидан, пайваста дард ҳис кардан, решҳое пешакӣ ба амал омадан, ки аз муолаҷаҳо беҳ нашаванд, дер кашидани муддат, таровидани зардоб ва баъд зоҳир гардидани дардҳое чун дардҳои саратон иборатанд. Маҳалли ишғолкардаи онро бо ёрии мил бидонанд, яъне ҳар ҷо, ки милро ҳис кунанд, бидонанд, ки охири маҳалли бавосир он ҷост. Аммо андар гӯшт будан ва ё аз он ба устухон гузаштани онро аз тариқи бо сари мил дарёфтани нармию ҳамворӣ ва сахтию дуруштӣ муайян кунанд.
Илоҷ: Яке аз намудҳои муолаҷаи он нештар задан аст ва ин бисёр вақт ба иллати асабнок будани андом боиси кузоз, бурида шудани овоз ва шӯридагии ақл бигардад. Нештар задан инчунин танҳо ба ҳолате мумкин аст, ки бавосир намудор бошад ва буридани гӯшти мурдаи он муяссар бигардад. Лекин аз барои эҳтиёт бар вай доруҳои хушксозанда бимоланд, танро пок кунанд, заҳдонро қавӣ созанд ва [сипас] дармон кунанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор