Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бинобар ин эшон гуфтаанд, ки бояд [ба бемор доруи зерин] дода шавад: даҳ дирам абҳал, як дирам тухми пудинаи бӯстонӣ ва ду дирам тухми бодиёнро гирифта, ба
деге афкананд ва аз болояш ду ратл шароби холисро
рехта, то ним шудан биҷӯшонанд. Сипас бар вай ду дирамӣ анзарут ва ҳузаз ва як кафчагӣ равғани гов ва ангубин афкананд. Баъд, як кафча аз онро ношито [ба бемор] дода, ғизо хӯрданро то намози дигар ба таъхир андозанд ва се рӯз чунин кунанд. Ман бигӯям: ҳарчанд ин
тадбир андар бештари ҳолатҳо судманд аст, вале мумкин аст, ки баъд аз ҳангом рафтани ҳайз аз сабабҳои дигаре вобаста буда, қабзсозандагии холисро тақозо кунанд ва ту инро аз он чизҳое ҳамедонӣ, ки пеш аз ин
оварда шуданд. (589)
Фасли севвум
андар баёни решҳои заҳдон
ва гандидани онҳо

Мо андар бобҳои гузашта бад-онҳо далолат кардем ва ту худ ҳамедонӣ, ки сабабҳои онҳо чун сабабҳои решҳо буда, аз сабабҳои даруние мисли моддаҳои тариоварандаи тез ва хуроҷҳои кафида ва ё аз сабабҳои берунае иборатанд, ки ба иллати кӯфт хӯрдан, ё садма, ё зоиш ва ғайра ориз гадидаанд. Ё мумкин аст сабабгори онҳо ҷароҳате бошад, ки аз доруи ба зер баргирифта ба амал омадааст ва ё афзоре, ки боиси буридан гардидааст. Гоҳе ин [решҳо] ба гандидан бипардозанд. Гоҳе ҳамаи ин гуна [решҳо] римноку чиркнок бошанд ва гоҳе поку бечирк. Баъзан сахт фурӯрафта ва баъзан рӯяк буванд.
Онҳо гоҳе хӯранок ва гоҳе бехӯра ва баъзан бо омос ва баъзан бе омос зуҳур кунанд.
Нишонаҳо: Бар ин гуна [решҳо], хусусан агар бар даҳони заҳдон ва ё наздик ба он ҷой гирифта бошанд, ҳис кардани дард гувоҳӣ диҳад. [Низ] таровидани хуноба ва тариҳои гуногунрангу гуногунбӯй, зиён дидан аз доруҳои ковоккунанда ва фоид бурдан аз доруҳои қабзкунанда бад-онҳо далолат кунанд. Нишонаи покии решҳои заҳдон он бошад, ки чизи тарованда ба ситабрию сафедӣ ва яксонӣ бигарояд ва ниҳоят ранҷовар, бадбӯй ва зананда бувад.187 Нишонаи римнокию чиркнокии [реш] он бошад, ки тариҳои зардобмонанди зиёд битарованд. Он чи, ки аз реши нопок битаровад, ба ҳангоми ҷой доштани гандагӣ чун оби гӯштшуста ояд ва ба ҳангоми чиркнокии он бадбӯи баднамуд ояд. Агар реш бо хӯра бошад, чизи аз он тарованда сиёҳ буда, дарди сахт ва тапиш дарёфта шавад. Нишонаи омоснок будани [решҳо] ин аст, ки таб ва фарошо ва дигар нишонаҳое пайваста ҷой дошта бошанд, ки аз омос, гандидан ва хӯра гувоҳӣ диҳанд ва мо онҳоро баъд ёд хоҳем кард.
Фасли чаҳорум боби гандидани заҳдон

Ин низ як шохаи боби решҳои заҳдон бувад ва сабаби он
аз душвории зоиш, ё ҳалок шудани ҷанин, ё доруҳои тезе,
ки ба кор бибаранд, ё ягон таровиши сӯзони тез ва ё аз хуроҷҳое иборат бошад, ки ба гандидан бипардозанд. Гандидан гоҳ наздику гоҳ сахт амиқ ва гоҳе бо чирку гоҳе бечирк бувад. Гандидане, ки андар умқ аст, аз таровидани ру

тубатҳои гуногун холӣ нахоҳад буд ва гоҳе онҳо ба дурди шароб хеле монанд буванд.
Фасли панҷум андар баёни хӯраи заҳдон

Мо нишонаи хӯраро аз рӯи чизҳои беруноянда ва ҳолати дард андар боби хунравӣ ёд кардем. Фарқи миёни хӯраи заҳдон ва саратон он аст, ки ба ҳангоми хӯра фишурдагию сахтӣ ба амал наоянд, баъди он гоҳ-гоҳе ва хусусан баъди берун омадани чизе, ки бояд берун ояд, осудагӣ ҳис карда шавад ва муддати муолаҷа шудани он чандон дер накашад. Аммо саратон бошад, пайваста бо дарди дил задан буда, муддати он тӯлонист.
Илоҷ: Бояд дид, ки оё реш римнок аст, ё ғайри римнок.
Агар римнок бошад, онро нахуст бо оби ангубин ва дигар доруҳои аз тариқи обдуздак фиристондашаванда, ё бо ҷӯшонидаи бехи савсани осмонгун ва бо марҳамҳои поккунанда пок созанд. Агар хӯранда бошад, андар заҳдон марҳамҳоеро бифиристанд, ки хӯраро ба ислоҳ оваранд ва баробари он танро пок созанд ва ғизоҳои созгор ба кор баранд. Низ, бояд нигарист, ки оё он бо омос аст ва ё бе омос. Агар бо омос бошад, нахуст [омосро] муолаҷа намуда, онро бо илоҷҳои омосие ором созанд, ки баъд ёд хоҳем кард. Сипас, ҳар гоҳ заҳдонро пурра пок карданд, ба муолаҷа намудан бо доруҳои решсабзонанда бипардозанд. Яке аз марҳамҳои ёдшуда, ки андар оғози кор ба ҳангоми гӯшт нагирифтани реш судманд аст, марҳами зерин бувад: аз мурдосанг, сафеда ва анзарут бахшҳои баробар гирифта, аз онҳо ҳамроҳи мум ва равғани гул мумравған бисозанд ва агар андар ин миён решро чирк падид омада бошад, андар ин [таркиб] андаке зангор биафзоянд.
Вале ҳар гоҳ гӯшт ба сабзидан оғоз кунад ва инро ба ҳадс дарёбанд, онро бо марҳаме муолаҷа кунанд, ки бад-ин сифат бувад: ду бахш тӯтиёи шуста ва як бахшӣ аз иқлимиёи сим, сафеда ва анзарут гирифта, аз ҳамаи онҳо бо равғани гул ва мум мумравған бисозанд.
Фасли шашум андар баёни тадбири зани дӯшизагияш рафта

Бархе аз занонро ба ҳангони дӯшизагӣ бардоштан, хусусан агар гардани заҳдонашон танг, пардаи дӯшизагияшон сахт ва нараи дӯшизагибардор ситабр бошанд, дардҳои бузурге ориз бигарданд. Бинобар ин ҳар гоҳ эшонро хунравӣ ва дардҳои гуногун ба амал омад, бояд андар обҳои қабзкунанда ва андар шаробу равғани зайтун бинишинанд. Сипас, (590) мумравғанҳоеро андар пашминаи бар найча печида ниҳанд ва ба кор баранд, то ки [найча пардаро] гӯшт гирифтан нагузорад ва эшонро камтар ҷимоъ кунанд. Агар реш падид ояд, нахуст доруҳои поккунанда ва баъд аз он марҳамҳои аз барои решҳо ёдшудаеро ба кор баранд, ки бо онҳо гили набишта [304] ва монанди он омехта бошанд.
Фасли ҳафтум андар баёни кафидагиҳои заҳдон

Кафидагиҳои заҳдон ё ба иллати хушкие ба амал оянд,
ки он ногаҳон, сахт ва хусусан ҳангоми бача ниҳодан
рӯй диҳад ва ё ба сабаби ягон омос. Вай андар оғози па дид омадан пинҳон ва дардаш андар зери дарди зодан ва ҳолатҳои боқимондаи он ноаён буда, сипас хусусан ба ҳангоми бо ангушт расидан маълум шавад.

пешина
аз 1215
навбатӣ