Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бавосирро бо дармонҳои бавосир муолаҷа кунанд ва низ тухми катонро бо оби гарм [ба кор баранд]. Агар хунравӣ ба шакли даврагӣ бошад, бояд давраҳоро риоя намуда, сипас ба муолаҷа пардозанд ва ҳангоми [зуҳури] давраҳо танҳо ба оромкунӣ машғул шаванд. Ҳар гоҳ хун ба ифрот равад, бояд ҳар ду пойҳоро аз буни рон аз наздикии пайғулаҳо бандпеч кунанд, сипас бар фурӯсӯви пистон – ба он ҷое миҳҷамаҳо бигузоранд, ки рагҳои аз заҳдон ба сӯи пистонҳо бароянда бад-он ҷой расидаанд. Бояд [ҳавои] миҳҷамаҳоро берун кашид ва миҳҷамаҳои бузург интихоб намуд, зеро онҳо хунро зуд бибанданд. Баъд аз он боистӣ дигар муолаҷаҳоро ба кор бурд. Гоҳе мумкин аст бар миёни ҳар ду сурин ниҳодани миҳҷама боиси баста шудани хун бигардад. Зани хунаш рафта боистӣ, масалан, зардии хояи нимбиришт ва ҳар гуна чизе бихӯрад, ки зудгувори қувватбахшанда бувад. Гоҳе ба хӯрдани оби гӯшти қавие эҳтиёҷ биафтад, ки бо тутум туруш гардонида шуда бошад. Аммо кабоб ва гӯштбирёнҳои хуши аз гӯшти хуб сохта шуда бошанд, аз хӯрдани онҳо чора нест.
Ҳамчунин [ногузир бояд] офруштаҳои тозаи аз пист ва нашоста сохташуда ва андак шароби нави ситабри ширин [хӯрд], вале аз шароби куҳани тунук иҷтиноб варзанд. Гоҳе ин гуна занонро набизи ангубини тоза созгор бувад. Аз доруҳои муштарак ва хусусан барои хунравии гарму тез [судманд] «забони барра» аз ҳама беҳтар, балки беҳамтост. Ин гоҳе аз тариқи ошомидан ва ё бо обдуздак фиристондан ногузир хунравиро бибандад ва аз хунравии дерина ва ғайри дерина суд бахшад. Ошомидани сирко низ чунин бувад ва кофурро ҳам, чи ба тариқи ошомидан ва чи ба зер баргирифтан, ба кор баранд. Яке аз тадбирҳои аз барои ин ғараз судманд [ба бемор] додани ширест, ки бо оҳани тофта нек ҷӯшонида ва андар он рими оҳан афзуда бошанд. Инро бо баъзе доруҳои гиранда ҳар рӯзе ба миқдори се уқия [ба зани хунрафта] бидиҳанд. Рубби турушаи турунҷ сахт хуб аст. [Ба бемор] додани самғи арабӣ бо касиро ва ё тухми катон бо оби гарм низ ҳамчунин бувад. Қурсҳои табошир бо кофур ва [инчунин] қурсҳои гулнор аз барои ӯ сахт судманданд.
Сифати як доруе, ки ба ғоят суд бахшад: аз маҷмӯъи мумиё, гили набишта, гили арманӣ, замч, мозу ва хуни сиёвушон ба миқдори баробар як дирам, аз кофур ду ҳабба ва аз сукк як донг гирифта, онҳоро андар як уқия шароби мӯрд бигудозанд. Низ: ақоқиё, гулнор, мозу, ҳибуқистидос, шодана,183 тутуми пок карда, мурр, кундур ва афюнро гирифта, бо сиркои тези қавӣ маъҷун созанд. Як ошомидании он ним дирам бувад. Инчунин:
зоги кафшгарон, ҷафти булут, мурр, кундур ва афюнро гирифта, ҳабб созанд ва агар як дирам аз онро бидиҳанд, сахт хуб бошад. Низ: ду дирам каҷаки сӯхтаро бо оби тутум, биҳӣ ва хурмои ғӯра184 биошоманд. Пеш аз ба миён омадани зарурати зиндатар кардани қувват ғизои эшон аз ҳулом, қарис ва масуси аз гӯшти бузғола ва мурғи кӯҳӣ сохта, таомҳои тобагӣ ва насквоҳои турушӣ афзуда иборат буда, онҳоро ба намуди сард бихӯранд ва аз ҳар гуна таоми чи феълан ва чи билқувва гарм парҳез кунанд.

Аз доруҳои ба зер баргирифтании муштарак шиёфҳоеро [ба кор баранд], ки аз мурдосанг, зог, гулнор, гили набишта, гили арманӣ, сурма ва ғайра сохта шудаанд.
Як нусхаи хуб: қалқатор, ақоқиё, пӯсти кундур ва сурмаро гирифта, аз онҳо қурсҳо созанд. [303] Сипас як мисқол аз он ва як мисқолӣ аз гили (588) арманӣ, самғи арабӣ ва каҳрабо гирифта, андар ду уқия ягон фишурдаи қабзкунанда ва ё об ҳамроҳ кунанд ва онро ба тарзе андар заҳдон бирезанд, ки ҳангоми баёни сифати ҳуқнарезии заҳдон донистӣ. Ё ним дирам замч, як донг тухми банг ва як донг афюнро гирифта, ба зер баргиранд.185 Як фарзаҷае, ки хусусан барои хунравии аз хӯра ва решҳо баамаломада хуб аст: гили сӯхтаи танӯр, фишурдаи «риши буз» ва ақоқиёро гирифта, аз онҳо бо оби мозуи норасид фарзаҷа созанд. Инчунин: мозуи норасид, гулнор, нашоста, афюн, замч, рованди чинӣ, гул, мағзи мӯрддонаи сабз, тутум, фишурдаи «риши буз», донаи ғӯраи ангур, қиртоси сӯхта, сандали сафед, пӯсти кундур, гили набишта, кулоҳакҳои анор, шодана, сафоли нав ва кашнизи хушкро бигиранд ва чаҳор дирам аз онро андар пашминаи сабзи бо оби мӯрд оғушта ниҳода, ба зер баргиранд ва тамоми шаб нигоҳ доранд. [Гоҳе аз ин [маҷмӯъ] қиртоси сӯхтаро андохта, боқиро қурсҳо созанд ва аз он як мисқол бо оби «забони барра» биошоманд].186 Ё гулнор, рӯсӯхта, шухи сихи кабоб, қиртоси сӯхта, замч, зог, зираи андар сирко таркарда, гили арманӣ ва рубби қаразро гирифта, бо оби бед, гул ва кашниз маъҷун созанд ва тамоми шаб ба зер баргиранд.
Бархе аз обзанҳои аз барои эшон судманд инҳост:
эшонро андар ҷӯшонидае аз пудина, барг, самар ва бехи он бинишонанд, ки онҳоро ҳамроҳи мӯрд, гули бо кулоҳакҳояш гирифта, пӯсти анор, харнуби набатӣ, гулнор, «риши буз» ва мозуи сабз ҷӯшонида бошанд.
Аз тилоҳо ва чарбҳои аз барои эшон судманд он бошад, ки бар ноф гаҷ тило кунанд ва ноҳияҳои заҳдонро бо равғанҳои сахт қабзкунанда чарб созанд.
Мо ҳоло ба сари тафсили муолаҷаи он хунравие бармегардем, ки ба тунукии хун ва обакӣ будани он вобастагӣ дорад. Мо бигӯем: тариқаи он бад-ин гуна бувад, ки фазлаи обии онро ба исҳол берун кунанд, беморро ба пешоб тозондан ва арақ овардани беандоза бо ёрии ҷӯшонидаи асорун, карафс, рӯян ва монанди он маҷбур созанд, ба нармию бурдборӣ гоҳе исҳол оваранд ва гоҳе дигар пешоб битозонанд, арақ оваронанд ва танашро нахуст бо латтапораҳои нарм, сипас бо пораҳои дурушт молиш дода, оби ангубин ва зимодҳои беморони истисқо тило кунанд. Гоҳе ӯро қай овардан суд бахшад. Умуман, бояд доруҳо ва ғизоҳои чунин [беморонро] бештар ба сӯи хушкиоварӣ ва ситабрсозии хун майл дод. Агар сабаби [хунравӣ] решҳо бошад, марҳами зерин судманд аст:
гулнор ва мурдосангро гирифта, ҳамроҳи мум ва бо равғани гул мумравған сохта, ба зер баргиранд.
Илоҷи зани мустаҳоза: Гурӯҳе аз [пизишкон] андар боби илоҷи ин хунравӣ як намуди муолаҷаеро воҷиб донистаанд, ки он аз поксозӣ, қабзоварӣ ва қувватбахшӣ таркиб ёфтааст. Яъне ҳайзи чунин [занро] андар вақташ битозонанд, то ба таъхир афтода, омадушуди бесомон накунад ва заҳдонашро поку қавӣ бисозанд, то ки он фазлаҳои берун аз ҳадди зарурӣ бударо напазирад.

пешина
аз 1215
навбатӣ