Зеҳн
Қонуни тиб

Агенти Зеҳнӣ · 26 октябри 2026 · 1215 саҳифа

Тиб
Аз аввал хондан

Бисёр бошад, ки баста шудани ҳайз ба сабаби тоб хӯрдани заҳдон биафтад.
Фасли дуввум
андар баёни ба ифрот омадани хуни ҳайз

Ба ифрот омадани он гоҳе аз роҳи фазлаҳоро рондани табиат бошад ва агар ин аз ҳадди ифрот нагузарад ва боиси хунравии беҳуда нагардад, сутуда бувад. Гоҳе дигар ин аз тариқи беморие руй диҳад, ки ё ба ҳолати хун ва ё ба ҳолати заҳдон вобастагӣ дорад. Ҳолати заҳдон ин ё нотавонии заҳдон ва рагҳои варидии он буда, ба бадмизоҷӣ алоқаманд аст, (586) ё решҳо, хӯра, бавосир ва хориш аст, ё кафидагист ва ё кушода шудани даҳони рагҳо, канда шудан ва кафидани онҳост, ки ба ягон сабаби баданӣ ва ё беруние аз қабили кӯфт хӯрдан, ё афтидан ва ғайра, ё ба бадии зоиш ва душвории он ва ё ба шиддатнокии обистан алоқамандӣ дорад. Аммо оне, ки ба ҳолати хун вобаста аст, аз он сабаб аст, ки хун ғолиб омада, бисёр бигардад ва бо қуввати хеш на ба қуввати табиат ва салоҳдиди он берун ояд. Мо он [хунравиеро], ки бо тадбири табиат рӯй диҳад, ёд кардем ва ҳар ду намуди [хунравӣ] ҳарчанд аз як ҷиҳат ба ҳам наздик буда, ҷуз ба ҳангоми заиф сохтани [тан] баста намешавад, вале [аз сӯи дигар] аз ҳам тафовут доранд. [302] Ё мумкин аст [ба ифрот рафтани хун] аз он сабаб бошад, ки ҳарчанд хун аз ҷиҳати камият ва кайфияти хеш аз ҳадди иътидол нагузашта аст, вале ба иллати заъфи тан бар тан гаронӣ биоварад. Ё мумкин аст он ба сабаби тезии хун ва ё ба сабаби тунукӣ ва ё латифии он ба амал омада, ин [латифӣ] ба гармии хун ва ба бисёрии фазлаи обӣ ва рутубат вобастагӣ дошта бошад. Вале ҳар як хунравӣ нахуст андак-андак ба таври тунук оғоз ёфта, сипас ночор ба ситабрӣ бигарояд ва ситабр давом кунад. Баъд, ситабрӣ паст рафта, ба тунукию камӣ ва обакӣ табдил ёбад. Ҳоли ҳама гуна хунравие, ки ба кадом сабабе вобаста набошад, ҳамин аст. Сабаби он чунин аст, ки даҳонаҳои рагҳо ва гузаргоҳҳои хун ба оғози худ танг буда, андар анҷом низ танг бигарданд ва ба иллати хушкӣ фишурда шаванд.
Ҳар гоҳ хунравӣ ба ифрот расад, аз паси он иштиҳо ва сипас азхудкунии ғизо нотавон шаванд, дасту пойҳо варам кунанд ва ранги [рӯй] бад шавад. Гоҳе ин боиси истисқо бигардад ва гоҳе бисёр рафтани хун ба ғолиб омадани сафро бурда бирасонад ва бинобар он аз сабаби афрӯхтагии гармии сӯзоне, ки бо ёрии хун муътадил бигардад, табҳои сафровии сӯзон падид оянд ва низ фарошо рӯй диҳад. Ҳар гоҳ ин гуна ҳарорат ориз гардад, афтидани иштиҳои таомеро афзоиш диҳад, ки заъфи меъда ба сабаби рафтани хун муҷиби он шуда бошад ва ба иллати аз ҳам кашида шудани асабҳои андар он ҷой ниҳодашуда андар устухони пушт дард падид ояд. Гоҳе бо бисёр шудани боронҳо хунравии заҳдонҳо афзоиш ёбад.
Нишонаҳо: Нишонаи он хунравие, ки аз тариқи рондани табиат ояд, ин аст, ки аз паси худ ягон зиёне наоварад, балки суд бирасонад ва на ягон ранҷ ва ё тағйири қувват душодуши он бувад. Аксар вақте ки ин хунравӣ ориз бигардад, андар занони сарватманд ориз бигардад.
Нишонаи он хунравие, ки пурии ҳамагонӣ сабабгори он

гардида, табиат хунро берун рондааст ва ё ба сабаби ғолибият ронда шудааст, иборат аз серхунии рӯй ва ҷасад, дамидагии рагҳо ва дигар нишонаҳои пурӣ бувад. Гоҳе баробари он дард ҳис карда шавад ва гоҳе не ва то нотавонӣ наоварад, баста нахоҳад шуд. Хилти ҳамроҳи хун ғолиб бударо бад-ин гуна бишиносанд, ки хунро бихушконанд ва сипас бингаранд, ки оё ранги он ба сафедӣ бигарояд, ё ба зардӣ, ё сиёҳӣ ва ё қирмизӣ аз баҳри он ки хилти ғолиб низ баробари хун берун ояд.
Бар хунравие, ки аз сабаби камқувватии заҳдон ва боз шудани рагҳои он ба амал омадааст, холис ва бедард берун омадани хун далолат кунад. Вале агар сабаби хунравӣ тезии хун бошад, инро аз тариқи ранги хун, сӯзандагӣ ва суръати резиши он ва кам бурида шудани резиш бишиносанд. Ба ҳангоми хунравие, ки аз сабаби тунукӣ ба амал омада, ин [тунукӣ] аз моддаи обӣ ва рутубатӣ вобаста аст, хун обакӣ ва ғайри тез бошад ва [худованди он] аз чизҳои гиранда зиён бинад. Гоҳе ӯро чизе чун обистан падид ояд ва гоҳе бар вай ҳолате чун дарди заҳ ғолиб омада, аз хеш рутубат ҷудо кунад ва мушакҳои пистонҳояш ба ҳадде ҷунбон шаванд, ки гӯӣ [андар онҳо] ширест, ки омодаи фалла шудан бошад. Гоҳе мумкин аст ӯро муолаҷаҳое зиён оваранд, ки бо гармии хеш боиси гудозиш бигарданд ва аз ин фазлаи обии хун афзоиш ёбад.
Хунравии аз сабаби решҳо рӯйдиҳанда бо хунобаву дард зоҳир бигардад ва ба ҳангоми хунравии аз хӯра баамаломада бошад, хун кам-кам ояд ва хусусан агар аз рагҳои варидӣ, на шараёнӣ ояд, мисли дурд сиёҳхеста хоҳад буд. Агар хӯра андар гардани заҳдон ҷой дошта бошад, ранги хун камтар ба сиёҳӣ бизанад ва агар хӯра андар гардан ва наздики даҳони заҳдон бошад, онро бо совиши даст метавон дарёфт. Хунравии аз сабаби бавосир оянда бошад, дорои давраҳоест, ки ғайри давраҳои ҳайзанд ва гоҳе он на ба таври даврагӣ, балки ҳамчун оқибати пурӣ ба амал ояд. Ба ҳангоми он нишонаҳои бавосири заҳдон зоҳир гарданд ва аксар вақт хун сиёҳранг ояд, вале аз шараёнҳо бошад. Гоҳе хуни бавосирӣ чакра-чакра бичакад ва бисёр бошад, ки баробари бавосири заҳдон дарди сар, саргаронӣ ва андар андомҳои дарунӣ, ҷигар ва ё испурч дард ҳис карда шавад. Ҳар гоҳ аз он бавосир хун битаровад, ин оризаҳо аз байн бираванд.
(587) Илоҷи хунравӣ, ки андар поёни он илоҷи зани мустаҳоза [низ] ояд: Хунравиеро, ки ба тариқи рондани табиат ва ё аз сабаби пурӣ ва бар тан гаронӣ овардани хун рӯй диҳад, то бими заъф ба миён наояд, бастан нашояд. Гоҳе мумкин аст як худи раг задан ба иллати бартараф шудани пурӣ ва кашида шудани модда ба сӯи дигар аз интизории он кашидан бениёз созад. Агар сабаби хунравӣ тезии сафровӣ бошад, сафроро хусусан бо шоҳтара ва ҳалила барин доруҳо истифроғ кунанд, чаро ки ин доруҳо қувваи қабзкунандагӣ доранд. Агар сабабгори хунравӣ фазлаи обӣ ва фуруд овардан ва ё ба сӯи пӯст кашидани он бошад, ба бемор самғи арабӣ ва касиро биошомонанд. Агар сабаб нотавонии заҳдон бошад, ба доруҳои гиранда доруҳоеро изофа кунанд, ки ба иллати хушбӯӣ ва хосияти хеш тақвиятдиҳанда буванд.
Агар сабаб решҳо бошад, онҳоро бо доруҳое дармон кунанд, ки аз доруҳои часпакиоваранда, гиранда ва карах ткунанда таркиб ёфтаанд.

пешина
аз 1215
навбатӣ